Ба муносибати ҷашни 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ)-и солҳои 1941-1945 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои собиқадорон кумакпулиҳо пешбинӣ шудааст. Дар кишварҳои минтақа онҳо чӣ қадар боқӣ мондаанд ва чанд пул кумакпулӣ мегиранд?
Тоҷикистон
Ба собиқадорони ҶБВ дар Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 80-умин солгарди Ғалаба 50 ҳазор сомонӣ (4810 доллар) кумакпулӣ тақдим карда мешавад.
Маблағҳо барои пардохти якдафъаина аз фонди захиравии президенти мамлакат ҷудо карда мешаванд.
Ғайр аз ин, мувофиқи қарори шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, ба ҳар кадоме аз иштирокчиёни ҶБВ, ки дар пойтахт иқомат доранд, боз иловагӣ 25 ҳазор сомонӣ (2405 доллар) кумакпулӣ пардохт мешавад.
Айни замон дар Тоҷикистон 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Моҳи майи соли 2024 теъдоди онҳо 24 нафарро ташкил медод.
Иштирокчиёни ҶБВ аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон 8 нафар, дар вилояти Суғд – 2 нафар, шаҳри Душанбе – 2 нафар ва ноҳияҳои тобеи марказ – 5 нафар зиндагӣ доранд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дигар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ намондаанд.
Аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои ҷанг ҳудуди 300 ҳазор нафар сафрабар шуда буданд. Аҳолии ҷумҳурӣ он замон ҳудуди 1,5 млн нафарро ташкил медод, яъне зиёда аз 20% аз шумори умумии аҳолӣ ё қариб ҳамаи мардони калонсол ба ҷанг рафта буданд. Дар ҷабҳаҳои ҷанг 92 ҳазор нафар тоҷикистониён ҳалок ё беному нишон шуданд.
Қазоқистон
Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, то 1 апрели соли равон дар Қазоқистон 111 собиқадорони ҶБВ зиндагӣ мекарданд.
Дар доираи ҷашни 80-солагии Ғалаба дар ин ҷо ба собиқадорон кумаки моддии якдафъаина ба маблағи 5 млн танга (9686,90 доллар) пардохт мешавад.
Қазоқистон 1 млн 200 ҳазор шаҳрвандони худро ба сафи Артиши Сурх сафарбар кард. Ба ин метавон боз 178 ҳазор нафарро низ илова намуд, ки аллакай дар сафҳои артиши Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) қарор доштанд. Дар ҷабҳаҳои ҶБВ зиёда аз 600 ҳазор нафар қазоқистониҳо ба ҳалокат расиданд.
Ӯзбекистон
Дар Ӯзбекистон дар ҳоли ҳозир 82 нафар иштирокчии ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар зиндагӣ мекунанд. Калонсолтарини онҳо 114-сола аст.
Ба собиқадорони ҷанг дар Ӯзбекистон ба ифтихори ҷашни 80-умин солгарди Ғалаба аз ҷониби давлат 10 ҳазор доллар кумакпулӣ пардохт мешавад.
Бино ба маълумоти бозбинишудаи шаҳодатномаҳои ҳарбӣ, ошкор шудааст, ки аз ин кишвар 1,9 млн нафар ба ҷабҳа сафарбар гардида, 538 нафарашон ҳалок шудаанд.
Қирғизистон
Дар Қирғизистон ба собиқадорони ҶБВ ба муносибати ҷашни 80-солагии Ғалаба 100 ҳазор сом (1140 доллар) кумакпулӣ пардохт мешавад.
Дар Қирғизистон айни замон 32 нафар собиқадорони ҶБВ, кормандни ақибгоҳи ҷанг ва асирони лагерҳои фашистӣ боқи мондаанд.
Аз Қирғизистон ба ҷабҳаҳои ҷанг зиёда аз 360 ҳазор нафар сафарбар шуда буданд. Зиёда аз 160 ҳазор нафар қирғизистониҳо дар ҷабҳаҳои ҷанг ҳалок шуданд.
Туркманистон
Теъдоди иштииокчиёни ҶБВ, ки айни замон дар Туркманистон зиндагӣ мекунанд, маълум нест. Аз соли 2018 санаи 9 май дар Туркманистон дигар рӯзи истироҳат нест.
Аз Туркманистон ба ҷабҳаҳои ҶБВ ҳудуди 180 ҳазор нафар сафарбар шуда буданд. Наздики 100 ҳазор нафари онҳо дигар ба ватан барнагаштанд.
Русия
Айни замон дар Русия ҳудуди 7 ҳазор нафар иштирокчиёни ҷанг зиндагӣ мекунанд. Теъдоди умумии собиқадорон бо шумули сокинони Ленингради муҳосирашуда, Севастопол, Сталинград ва кормнадони ақибгоҳ тақрибан 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Ба муносибати ҷашни 80-солагии Ғалаба дар ҶБВ ба иштирокчиён ва маъюбони ҷанг, оилаҳои бесаробонмондаи онҳо, собиқ ноболиғони асири лагерҳои фашистӣ ва бархе аз унвондорҳои шаҳрҳои муҳосирашудаи Ленинград, Севастопол ва Сталинград 80 ҳазор рубл (966,57 доллар) кумакпулӣ пардохт мешавад.
Дар ҶБВ аз Русия 34 476 700 хизматчиёни ҳарбӣ сафарбар шудаанд. Ба артиш ва флот 490 ҳазор нафар занон даъват шуда буданд. Талафоти бебозгашт 11 944 100 нафарро ташкил дод, аз ҷумла 6 885 000 нафар ҳалок ва 4 559 000 нафар беному нишон ва ба асирӣ афтоданд.


