ЧОРАБИНИҲОИ РӮЗИ 10 МАЙ
Имрӯз, соати 10 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 88-солагии Ҳошим Гадо, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик маҳфили адабиву фарҳангӣ доир мегардад.
Шурӯъ аз имрӯз, 10-уми май дар Душанбе хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ тавассути автобусҳои сурх оғоз мешаванд. Имрӯз соати 17:00 ва 19:00 метавонед бо ин хатсайрҳо ба тамошои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт равед.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 10 МАЙ
Соли 1995 – Дар Тоҷикистон асъори миллии аввал – рубли тоҷикӣ ба муомилот бароварда шуд. Ин асъор ҷойгузини рубли русӣ гардид ва бо қурби 1 рубли тоҷикӣ = 100 рубли русӣ иваз карда шуд. 30 октябри соли 2000 рубли тоҷикӣ ба пули миллии нав – сомонӣ иваз карда шуд.
Соли 2003 – Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Он дар асоси факултаи иҷрокунандаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ташкил шудааст. Аввалин ректори Консерваторияи миллӣ композитори маъруф Талабхӯҷа Сатторов таъин гардид. Соли 2008, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири гиромидошти хотираи ӯ, муассиса ба номи Талабхӯҷа Сатторов номгузорӣ шуд.
Соли 2016 – Дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои хабарии мустақил, аз ҷумла сомонаи "Азия-Плс"- www.news.tj дар қаламрави Тоҷикистон масдуд гардид.
Мақомоти расмии Тоҷикистон, аз ҷумла Хадамоти алоқа, даст доштани худро дар ин масдудсозӣ рад карданд ва онро бо мушкилоти техникӣ шарҳ доданд. Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла “Хабарнигорони бидуни марз” (RSF), ин иқдомро ҳамчун як навъи сензураи интернетӣ арзёбӣ карданд ва онро бо наздикшавии раъйпурсии конститутсионӣ, ки бояд 22 майи ҳамон сол баргузор мешуд, рабт доданд
Соли 2019 – Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар як мулоқот бо намояндагони мақомоти молиявӣ, гумрук ва андоз фаъолияти онҳоро шадидан танқид кард. Дар ҷараёни ин мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон Шаҳбоз Раҷабзода, сардори терминали гумрукии “Душанбе-1”-ро ба назди микрофон даъват намуда, дар бораи маълумоти таҳсилотӣ ва амволи шахсии ӯ саволҳо дод ва баъдан фармон дод, ки фавран аризаи истеъфо нависад ва маблағҳои интиқолёфтаро баргардонад.
Соли 2020 – Дар пайи эълони аввалин ҳолатҳои тасдиқшудаи COVID-19 дар Тоҷикистон, муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабҳо ва донишгоҳҳо, баста шуданд. Дар ҳамин давра донишҷӯён ба хона ҷавоб дода шуданд ва имтиҳонҳо пешакӣ баргузор гардиданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1930 – Мавлуди Низом Баҳриддинов, биологи тоҷик, доктори илмҳои биология, профессор.
Соли 1934 – Мавлуди Анвар Ғуломов, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шуравӣ.
Соли 1937 – Мавлуди Шамсӣ Низомов, коргардони санъати операи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Шамсӣ Низомов хатмкардаи студияи вокалии назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва факултаи коргардонии Консерватория давлатии шаҳри Ленинград ба номи Н.А.Римский-Корсаков буда, солҳо ба ҳайси коргардон ва овозхон фаъолия кардааст.
Ӯ аз соли 1970 саркоргардони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва аз соли 1977 омӯзгори санъати операи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон буд.
Шамсӣ Низомов 22 январи соли 2015 дар синни 77-солагӣ аз олам чашм баст.
Номбурда беш аз 100 операи оҳангсозони тоҷик ва классикони ҷаҳониро рӯи саҳнаи театр овардааст. “Лаънаткардаи халқ”, “Бозгашт”, “Рӯдакӣ”, “Ғуломон”, “Евгений Онегин”, “Ширинкорон”, “Карменаз ин қабиланд.
Соли 1937 – Зодрӯзи Ғаффор Ҷӯраев, забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор.
Соли 1937 – Мавлуди Ҳошим Гадо, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳунарпешаи театру синамо, коргардони театр.
Ҳошим Гадо дастпарвари Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский ва хатмкардаи Курсҳои олии коргардонии ГИТИС аст.
Ӯ аз соли 1961 ҳунарпеша ва коргардони Театри академи-драмавии Лоҳутӣ буд. Ҳунарнамоиаш дар синамо аз соли 1963 оғоз гаридааст, ки нақшҳои Суҳроб, Фердинан, Гамлет, Хлестаков, Исмоили Сомонӣ, Эдип ва дигар аз қабили моуйтарин нақшҳои ӯ дар санъати театру синамои тоҷик буда, симои ӯро дар таърихи санъати тоҷик сабт намудаанд.
Ӯ дар беш аз 150 филму намоишномаҳои коргардонони тоҷик ва хориҷӣ нақш офаридааст. Ӯ ҳамчунин муаллифи силсилакитобҳо аст, ки соли ҷорӣ ҳазоруми ҷилди силсилакитобҳояш нашр гардид.
Имсол ин ҳунарпешаи тоҷик 88-солагии худро таҷлил мекунад. Рӯзи 8-уми май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 88-солагии ӯро тақлил карданд. Гузориши “Азия-Плюс”-ро дар матлаби “Ба номи Ҳошим Гадо ҷоиза ва китобхона таъсис дода шавад”. Дар Душанбе 88-солагии Ҳошим Гадоро таҷлил карданд, мутолиа кунед.
Соли 1940 – Мавлуди Гавҳар Тоҷибоева, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.
Гавҳар Тоҷибоева ҳанӯз дар наврасӣ барои иҷрои нақши аввалини худ ба театр даъват шуда, Техникуми политехникии шаҳри Хуҷанд ва омӯзишгоҳи санъатро хатм кардааст.
Ӯ аз соли 1961 дар Театри Камоли Хуҷандӣ фаъолият кардааст. Мавсуф 24-уми феврали соли ҷорӣ дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.
Тоҷибоева дар театр ва синамо дар беш аз сад нақш офаридааст, аз ҷумла, дар филмҳои “Рустам ва Суҳроб”, “Арӯси шаҳрӣ”, “Модар нигарон буд”, “Ҳечбудагон”, “Бачаи обӣ” ва “Ишқи маҳтобӣ”.
Соли 1942 – Зодрӯзи Урватуллои Тоир, адабиётшинос, олим, доктори илмҳои филология, профессор.
Соли 1943 – Зодрӯзи Муриват Бекназаров, рассом, Арбоби ҳунари Тоҷикистон.
Соли 1944 – Зодрӯзи Абдушукур Назаров, иқтисоддон, доктори илми иқтисодӣ.
Соли 1946 – Мавлуди Абдулмаҷид Достиев, сиёсатмадори шинохтаи тоҷик, сафири пешини Тоҷикистон дар Русия.
Абдулмаҷид Достиев Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ва Мактаби олии ҳизбии Тошкандро ба итмом расонида, фаъолияти худро дар колхози ба номи Ленини ноҳияи Қӯрғонтеппа оғоз кардааст. Аз соли 1977 фаъолияти худро дар Кумитаи ҳизби коммунисти Қӯрғонтеппа шуруъ намуда, баъдан дар кумитаи ҳизбии колхози ба номи Ленин, Бохтар ва дигар кумитаҳои ҳизбӣ буд.
Солҳои 1992-1995 муовини аввали раиси Шӯрои Олӣ, солҳои 1995-2000 муовини якуми Раиси Маҷлиси Олӣ, солҳои 2000-2007 муовин ва муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, солҳои 1990-1995 вакили мардум дар Шӯрои Олӣ ва солҳои 1995-2000 вакили Маҷлиси Оливу минбаъд вакили Маҷлиси намояндагон буд. Номбурда аз соли 2007 то 2014 Сафири Тоҷикистон дар Русия будааст.
Ӯ дар баробари пешбурди фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ, осори манзуму мансуру публитсистӣ бо исми Абдулмаҷиди Бохтарӣ эҷод кардааст.
Соли 1947 – Зодрӯзи Сайидраҳмон Сулаймонӣ, забоншинос, доктори илми филологӣ, профессор.
Соли 1953 – Мавлуди Эркинхон Раҳматуллозода, сиёсатмадор, собиқ мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ.
Соли 1974 шӯъбаи англисӣ-арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1974 оғоз менамояд ва то соли 1976 ҳамчун муаллими мактаби миёна кор мекунад. Соли 1977 ба сифати тарҷумони гурӯҳи мутахассисон, тарҷумон-мушовири шӯъбаи иқтисоди Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии арабии Миср фаъолият менамояд.
Солҳои 1980-1986 чун корманди масъули дастгоҳи Шӯрои вазирони Тоҷикистон кор карда, аз соли 1986 то 1990 ҳамчунмуовини вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 1990-1992 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва аз соли 1992 то соли 2001 муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.
14 августи соли 2001 мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ таъйин гардид ва то то соли 2017 дар ин мансаб кор кард. Баъд аз ин, вазифаи сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, ҳамзамон дар Шоҳигарии Нидерландия, Ҳертсогии Бузурги Люксембург, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ ё НАТО) таъин то соли 2023 кор кард. Ҳоло бознишаста аст.
Соли 1960 – Мавлуди Гурез Сафар, рӯзноманигор, шоир ва нависандаи тоҷик.
Гурез Сафар баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон як муддат дар ҳамин донишгоҳ фаъолият кардааст. Баъдан роҳбари бадеии Қасри маданияти Кӯлоб буда, сипас дар нашриёти “Маориф”, “Адиб” кор карда, солҳои 1996-1999 сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” будааст. Навиштаҳояш аз соли 1989 интишор меёбанд.
Муаллифи китобҳои “Ариза ба номи янга”, “Азизи дидаву шунида”, “Нози ҳавас”, “Ҷавобак”, “Миқрози насим”, “Лутфи Ашӯр Сафар” ва як қатор китобҳо аст.
Соли 1963 – Зодрӯзи Мунира Раҳимова, яке аз наттоқҳои шинохтаи Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки ӯ аз кадрҳои соҳибтаҷриба буда, тӯли солҳои зиёд дар Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумат фаъолият кардааст. Ӯ як муддат ба ҳайси муовини директори Акадамияи ВАО-и Тоҷикистон фаъолият дошт.
Соли 1966 -Зорӯзи Ҷамила Лангариева (Салмон), роҳбари собиқи Саридораи бойгонии Тоҷикистон.
Ӯ аз моҳи августи соли 2015 то январи соли 2017 муовини раиси шаҳри Душанбе буд. То ин замон ба сифати муовини ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон кор мекард.
То соли 2025 ҳамчун сардори Саридораи бойгонии назди Тоҷикистон фаъолият дошт.
Ҷамила Лангариева хоҳари як замон бародарони маъруф Лангариевҳо (Бахтиёр, Файзалӣ, Лангарӣ ва дигарон), собиқ фармондеҳони Фронти халқӣ мебошад, ки дар бахши низомӣ кор мекарданд.
Соли 2016 – Суҳроб Қурбонов, раҳбари пешини Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 2020 – Хайрӣ Назарова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ дар синни 90-солагӣ бинобар сактаи дил дар Душанбе аз олам чашм баст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
10 майи соли 1933, дар Берлин ва 33 шаҳри дигари Олмон, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва аъзои Иттиҳоди донишҷӯёни миллии сотсиалистӣ (Deutsche Studentenschaft) китобҳоро, ки онҳоро “ғайриолмонӣ” мешумориданд, сӯзонданд. Ин китобҳо осори муаллифони яҳудӣ, либерал, марксист ва дигар андешамандонро дар бар мегирифтанд, аз ҷумла асарҳои Алберт Эйнштейн, Зигмунд Фрейд, Карл Маркс, Генрих ва Томас Манн, Стефан Цвейг ва Эрих Кестнер буд.
Имрӯз, дар маҳалли сӯзондани китобҳо дар Бебелплатс, ёдгории “Китобхонаи фурӯрафта” (Versunkene Bibliothek) ҷойгир аст. Ин ёдгорӣ, ки соли 1995 аз ҷониби ҳайкалтароши исроилӣ Миха Уллман сохта шудааст, як утоқи зери замин бо рафҳои холии китобро нишон медиҳад, ки тавассути шишаи заминӣ намоён аст. Дар наздикии он, лавҳаи ёдбуд бо иқтибос аз Ҳайнрих Ҳайне ҷойгир аст: “Дар ҷое, ки китобҳоро месӯзонанд, дар ниҳоят одамонро низ хоҳанд сӯзонд”. Ин сана ҳар сол ҳамчун рӯзи ёдбуди сӯзондани китобҳо ва ҳушдор дар бораи хатарҳои сензура ва маҳдуд кардани озодии баён таҷлил мегардад.
10 майи соли 2005 дар шаҳри Берлин, ба муносибати 60-солагии анҷоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ёдгории 6 миллион қурбонии Ҳолокост – яҳудиёне, ки аз ҷониби натсистҳо кушта шуданд, расман ифтитоҳ ёфт. Ин ёдгорӣ дар масоҳати 19 ҳазор метри мураббаъ (қариб андозаи ду майдони футбол) сохта шуда, аз 2711 блоки бетонии хокистарранг иборат аст, ки баландии онҳо аз 0,2 то 4,7 метр буда, дар шакли шахматӣ ҷойгир шудаанд.
Ҳамасола 10 май дар чанд кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои ғарбӣ, ҳамчун Рӯзи утоқи тоза ё Рӯзи тоза кардани хона таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ғайрирасмӣ буда, бештар хусусияти тарғиботӣ ва ташвиқотӣ дорад, ки одамонро водор месозад, то муҳити зисти худ, махсусан хонаи худро поку озода нигоҳ доранд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 10 МАЙИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 22+27º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º, рӯзона 12+17º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 29+31º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 23+25º гарм.


