Марде, ки зану хушдоманашро бо табар кушта буд, 25 сол равонаи зиндон шуд

Як сокини ноҳияи Деваштич, ки ба куштори ҳамсар ва хушдоманаш (модари занаш) гумонбар буд, бо ҳукми Додгоҳи вилояти Суғд 25 сол равонаи зиндон шудааст. Ҳодиса моҳи марти соли гузашта рух дода, гумонбар низ он замон боздошт шуда буд. Дар ин бора Шаҳриёр Искандарзода, додраси Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-плюс” иттилоъ дода гуфт, ки ҳукм чанде […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Як сокини ноҳияи Деваштич, ки ба куштори ҳамсар ва хушдоманаш (модари занаш) гумонбар буд, бо ҳукми Додгоҳи вилояти Суғд 25 сол равонаи зиндон шудааст. Ҳодиса моҳи марти соли гузашта рух дода, гумонбар низ он замон боздошт шуда буд.

Дар ин бора Шаҳриёр Искандарзода, додраси Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-плюс” иттилоъ дода гуфт, ки ҳукм чанде пеш содир шуда, аллакай қувваи қонунӣ гирифтааст.

Манбаъ аз ин мард Мақсудҷон Ҳасанов ном бурд, ки баъди 11 соли ҳамзисти бо марҳум Мастона Бобоева “аз сабаби нофаҳмӣ” аз ҳам ҷудо шуда буданд. Аз зиндагии якҷоя онҳо 4 фарзанд доштаанд.

“Куштор дар заминаи муноқиша миёни  зану шавҳар рух додааст. Вақте Мақсудҷон Ҳасанови 37 сола барои анҷом додани корҳои саҳроӣ ба саҳро меравад дар роҳ ҳамсари собиқаш Мастона Бобоева дида, бо ӯ муноқиша мекунад… Дар натиҷа Мақсудов бо табаре, ки дар даст дошт, ҳамсар ва хушдоманашро ба қатл мерасонад”, – гуфта мешавад дар ҳукми додгоҳ.

Дар ин қазия назари маҳкумшуда Мақсудҷон Ҳасанов ва вакили дифои ӯ маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки  куштори ҳамсар аз дасти шавҳар дар Тоҷикистон ҳаводиси нав нест. Танҳо дар моҳи март ду ҳодисаи куштори занон аз сӯи шавҳаронашонро мақомот расонаӣ карда буданд. Вале назари гумонзадҳо дар ин ҳодисаҳо барои расонаҳо дастрас нест.

Қаблан мақомот  гуфта буданд, ки ҳодисаҳои куштор, яке аз ҷиноятҳои мудҳиш дар кишвар афзоиш ёфтааст. 

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ соли 2024 дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2023-ум 18 ҳолат зиёд будааст.

Дар ин ниҳод шарҳ надоданд, ки бо чӣ далелҳо теъдоди куштор ва сӯиқасд ба ҷони одамон афзудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.