Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кадом шаҳру ноҳияҳо бештар барқро талаф додаанд

Date:

Дар се моҳи якуми соли 2025 1,3 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ (20,5%) дар Тоҷикистон талаф ёфтааст.

Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки субҳи имрӯз дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, талафоти қувваи барқ дар соли 2024 ба 4,5 миллиард киловатт-соат (20%) баробар будааст.

“Талафоти нерӯи барқ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, бахусус, дар шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ 69%, Ҳисор 51%, Вахш 36%, Данғара 35%, Восеъ 34%, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҳамадонӣ 33%, Ховалинг ва Кушониён 32%, Шаҳринав 31%, Левакант 30%, Ваҳдат ва Фархор 29%, Ёвон ва Муъминобод 28%, Истаравшан ва Хуросон 27%, Панҷ ва Файзобод 26%-ро ташкил додааст, ки баландтарин дар кишвар ба ҳисоб меравад”, – изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ аз зиёд будани талафоти нерӯи барқ, хусусан, талафоти ғайритехникӣ ва истифодаи ғайриқонунии он изҳори нигаронӣ карда, ба ниҳоҳои дахлдор гуфтааст, ки ба масъалаи сарфаҷӯии нерӯи барқ аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд.

Раиси ҷумҳури кишвар ҷамъоварии маблағи истифодаи барқро дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ғайриқаноатбахш хонда, гуфтааст, ки он 83,5%, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 89,9% иҷро гардидааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...