Ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" ҷадвали парвозҳо аз шаҳри Уфаи Русия ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистонро ҳафтае як маротиба (рӯзҳои душанбе) аз сар мегирад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз КВД «Тоҷикаэронавигатсия».
Манбаъ гуфт, нахустин парвоз шаби 8 ба 9-уми май сурат мегирад. Ҳавопаймои Airbus A320 соати 1-и шаб аз Уфа ба Тоҷикистон меояд ва соати 2:35 аз Хуҷанд ба Уфа парвоз хоҳад кард.
Маблағи чиптаҳои рафту омад 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад: аз Уфа ба Хучанд 1 ҳазору 30 сомонӣ ва аз Хучанд то Уфа 1 ҳазору 970 сомонӣ.
Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" дар давраи пандемияи коронавирус баъзе парвозҳо аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон ва Озарбойҷонро лағв карда буд. Дар ин рӯйхат парвозҳо ба самти Уфа-Хуҷанд низ буданд.
Чиптаҳоро метавон аз сомонаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ харидорӣ кард ва ё тавассути кассаҳои фурудгоҳи Уфа, тавассути телефонҳои +7 (347) 229-57-72, +7 (347) 229-56-23, +7 (347) 229-58 -89 фармоиш диҳанд.