Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд

Date:

Рӯзи 22 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе байни собиқадорони футболи Тоҷикистон ва Русия бозии дӯстона баргузор шуд. Ин вохӯрӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки ҳамасола 25 май ҷашн гирифта мешавад, баргузор гардид.

Бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи Русия анҷом ёфт, аммо натиҷаи бозӣ муҳим набуд, балки фазои эҳтиром, ҳасрати ширин ва муҳаббат ба футбол дар мавқеи асосӣ қарор дошт. Ҷараёни бозӣ дар гузориши “Азия-Плюс”.

Ба майдон футболбозоне баромаданд, ки ба мухлисон аз солҳои 1980-90-ум хеле маъруфу ошноянд. Ҳайати тими Русия аз чунин футболбозон иборат буд: Ринат Дасаев, Егор Титов, Дмитрий Аленичев, Валерий Шмаров, Сергей Киряков, Андрей Мурнин, Олег Дивиченко, Александр Черкес ва дигарон. Дастаро Евгений Ловчев ва Александр Мирзоян роҳбарӣ мекарданд.

Дастаи Тоҷикистонро футболбозони зерин намояндагӣ карданд: Аслиддин Ҳабибуллоев, Раҳматулло Фузайлов, Акмал Холматов, Суҳроб Хамидов, Рустам Хоҷаев, Тоҳир Муминов, Ҷомихон Муҳиддинов, инчунин дигар футболбозони маъруфи солҳои гузашта. Роҳбарии дастаро Салоҳиддин Ғафуров ва Ҳаким Фузайлов ба уҳда доштанд.

Пеш аз оғози бозӣ ҳайати дастаҳо ба Муҳсин Муҳаммадиев, ситораи футболи тоҷик, ки пас аз беморӣ давраи барқароршавиро паси сар мекунанд, дастгирӣ изҳор намуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бозӣ чӣ гуна гузашт

Бозӣ аз 2 қисми 30-дақиқагӣ иборат буд. Ҳисобро дар дақиқаи 14-ум пас аз тӯби кунҷӣ Олег Дивиченко кушод. Дар аввали қисми дуюм русиягиҳо боз як голи дигар заданд. Тӯбро Андрей Мурнин ба ҳадаф расонид. Дар дақиқаи 44-ум Суҳроб Ҳамидов аз дастаи Тоҷикистон як тӯби ҷавобӣ зад.

Якчанд дақиқа пештар аз анҷоми бозӣ Сергей Киряков ҳисоби бозиро ба 3:1 расонид. Дуруст аст, ки баъдан Егор Титов муаллифи гол дониста шуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Бозӣ бо усули озодна ва ботартибона гузашта, ҳудуди 7 ҳазор нафар мухлисоне, ки дар варзишгоҳ ҷамъ омада буданд, ба ҳар як амалу ҳаракатҳои муваффақона ва ивази бозингарон бардавом кафкӯбӣ мекарданд.

Баъди бозӣ чӣ гуфтанд

Сармураббии дастаи Русия Евгений Ловчев пазиройии самимонаро зикр карда, таъкид дошт, ки чунин вохӯриҳо муҳиманд.

“Ин танҳо як шоу нест, балки идомаи ҳаёти футбол, имкон бори дигар эҳсос кардани худ дар майдон аст. Мо ба ҷониби Тоҷикистон барои ташкили хуби вохӯрӣ, самимият ва дар ин ҷо ҳақиқатан дӯст доштани футбол изҳори миннатдорӣ мекунем”, – иброз дошт ӯ.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Ситораи тими “Спартак” ва ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо бо “Порту” Дмитрий Аленичев низ аз ин бозӣ таассуроти хуб бардошт:

“Ман бори нахуст ба Тоҷикистон омадам. Фазои хуб ва хеле самимӣ. Моро мисли наздикони худашон истиқбол карданд. Бозӣ бо ситораҳое чун Ҳабибуллоев, Холматов ё Хоҷаев як ифтихор аст”, – зикр кард ӯ.

Назари мухлисон

Пас аз бозӣ мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва назди майдон доир ба таассуроту эҳсосоти худ изҳори назар карданд. Аксарият эътироф намуданд, ки фазои солҳои 90-уми қарни гузаштаро ба ёд овардаанд.

“Ин мисли аз як замон ба замони дигар гузаштан аст. Чӣ қадар симоҳои шинос! Иди ҳақиқии футбол”, – зикр кард яке аз мухлисон.

“Шодам, ки писарамро ба варзишгоҳ овардам. Дар бораи Титову Дасаев ӯ аз ман шунида буд ва акнун онҳоро бо чашмони худ дид. Ин гуна бозиҳо лозиманд”, – иброз дошт мухлиси дигар.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ба Дасаев туҳфаи хотиравӣ тақдим шуд

Бозии ситораҳо дар Душанбе на танҳо як бозӣ, балки хотирае аз он шуд, ки футбол метавонад наслҳоро муттаҳид созад. Дастгирии мухлисон, ҳунару маҳорати олии собиқадорон ва эҳтироми тарафайн байни ҳарифон вохӯриро ба як намоишномаи ҳақиқии футбол табдил доданд.

Футбол ҳадду ҳудуд надорад

Футбол бештар аз як бозӣ аст. Ва чунин рӯйдодҳо онро тасдиқ мекунанд: ситораҳо сарфи назар аз вақту замон ситора боқӣ монда, дӯстдории футбол синнусол надорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...