Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд

Дирӯз, 22-юми май, ҷасади шаш муҳоҷири тоҷикро, ки дар роҳ ба самти Русия дар қаламрави Қазоқистон ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, ба ҳалокат расиданд, ба Тоҷикистон фиристодаанд. Акбарҷон Исмоилов, раиси Маркази ҷумҳуриявии тоҷикон дар Қазоқистон, дар ин бора ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, ки мошини ҷасадбар бегоҳии дирӯз аз вилояти Қустанайи Қазоқистон ба самти Тоҷикистон […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дирӯз, 22-юми май, ҷасади шаш муҳоҷири тоҷикро, ки дар роҳ ба самти Русия дар қаламрави Қазоқистон ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, ба ҳалокат расиданд, ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Акбарҷон Исмоилов, раиси Маркази ҷумҳуриявии тоҷикон дар Қазоқистон, дар ин бора ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, ки мошини ҷасадбар бегоҳии дирӯз аз вилояти Қустанайи Қазоқистон ба самти Тоҷикистон роҳсипор шудааст.

“Шаш ҷасадро мо шуштем, кафан кардем, дар тобут ҷо кардем ва бо мошине, ки дар бағоҷаш дастгоҳи сардкунӣ дорад (рефрижератор), Тоҷикистон равон кардем”, – гуфт Исмоилов.

Ин ҷасадҳо аз ҳисоби маблағи фонди Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карда шудаанд. Гуфта мешавад, ки ҷасади муҳоҷирон то се рӯз ба зодгоҳашон мерасад.

 

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи бархӯрди мошини “Форд Транзит” бо як воситаи нақлиёти боркаши тамғаи DAF, ки рӯзи 20-уми май рух дод, ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд:

– Назрулло Боқиев, 24 сола;

– Маҳмадюнус Аминзода, 33 сола;

– Файзиддин Солеҳзода, 35 сола;

– Аҳтам Каримов, 36 сола;

– Бахтигул Боқиева, 40-сола;

– Юсуф Солеҳов, 67 сола;

Ба иттилои дастрас, ронандаи “Форд Транзит” дар ҷараёни тафтишот эътироф намудааст, ки садама бо гуноҳи ӯ рух додааст – ӯро ҳангоми ронандагӣ хоб бурдааст.

Ҳамаи қурбониёни ин ҳодиса сокинони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳастанд ва ҷасадашонро дар зодгоҳашон ба хок месупоранд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар қиммат будани нархи чиптаҳои ҳавопаймо, тарҷеҳ медиҳанд, ки ба воситаи нақлиёти заминӣ ба Русия сафар кунанд. Ин ҳодиса на аввалин маврид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар масири роҳ ба сӯи Русия қурбони ҳодисаҳои фоҷиабор мегарданд.

Аз Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар панҷ моҳи соли 2025, бо шумули 6 фавтидаи охир, 36 тан муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Қазоқистон ба ҳалокат расида, ҷасадашон ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

Ба иттилои ин Марказ, дар соли 2024 ҷасади 60 муҳоҷири тоҷик аз қаламрави Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.