Дар Афғонистон маҷмӯаи ашъори Лоиқ Шералӣ бо номи “Ҳанҷараи таърих” ба чоп расидааст

Дар Афғонистони таҳти султаи “Толибон”* маҷмӯаи ашъори Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон бо хатти форсӣ таҳти унвони "Ҳанҷараи таърих” ба чоп расидааст. Ин китобро Исмоили Лашкарӣ, пажӯҳишгари афғонистонӣ аз хатти кириллӣ ба хатти форсӣ баргардон карда, ба нашр омода сохтааст. Маҷмӯаро гурӯҳи фарҳангии “Ҳамзабонон” дар Афғонистон ба чоп расонидааст. Ба “Ҳанҷараи таърих” Фарзонаи Хуҷандӣ, Шоири […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Афғонистони таҳти султаи “Толибон”* маҷмӯаи ашъори Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон бо хатти форсӣ таҳти унвони "Ҳанҷараи таърих” ба чоп расидааст.

Ин китобро Исмоили Лашкарӣ, пажӯҳишгари афғонистонӣ аз хатти кириллӣ ба хатти форсӣ баргардон карда, ба нашр омода сохтааст. Маҷмӯаро гурӯҳи фарҳангии “Ҳамзабонон” дар Афғонистон ба чоп расонидааст.

Ба “Ҳанҷараи таърих” Фарзонаи Хуҷандӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз шогирдони Лоиқ Шералӣ, пешгуфтор навишта, мавқеи шоир дар адабиёти форсиро баён дошта, аҳамияти нашри китобро ҳам бузург хондааст.

Исмоили Лашкарӣ дар китоби мазкур шарҳи ҳоли муфассали Лоиқ Шералиро ҳам навиштааст, ки хонандагонро бо заминаҳои адабии ин маҷмӯа шино месозад.

Дар ин маҷмӯа, анвои қолабҳои шеърӣ, чун 25 ғазал, 15 шеъри нимоӣ, 5 шеъри сафед, 70 рубоӣ ва 78 дубайтӣ гирд омадаанд. Шеърҳои ин маҷмӯа дарбаргирандаи мавзӯъҳои гуногун, аз қабили ишқи ватан, ҳақиқатҷӯӣ ва худшиносӣ мебошанд, ки нишондиҳандаи ғаноии фикрии шоир аст.

Ба гуфтаи таҳиягар, ин китоб дар байни адибон ва донишмандони Афғонистон гарм истиқбол шудааст ва таъкид мекунад, ки он барои нигоҳдории мероси адабии форсизабонон аҳамияти зиёд дорад.

Мутахассисон ин китобро бо як қадами муҳим дар роҳи нигоҳдорӣ ва густариши фарҳанги тоҷикон арзёбӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки Лоиқ Шералӣ чеҳраи барҷастаи адабиёти муосири тоҷик, бедоргари ҳисси миллӣ ва ҳувияти таърихии тоҷикон маҳсуб мешавад ва шахсиятест, ки дар бӯҳронитарин давраи таърихи навини Тоҷикистон – даврони ҷанги шаҳрвандӣ – ба гурӯҳҳову маҳдонҳои гуногун напайваста, танҳо аз мавқеи миллат ҷонибдорӣ кардааст.

Ашъори ин даврааш, ки дар маҷмӯаи “Фарёди бефарёдрас” гирд омадааст, фарёди шоирест, ки аз ҷангу хунрезии миллаташ месӯхт ва бо шеърҳои оташбор, хитобаҳои ҷонсӯз ва мавқеъгириҳои ҷасурона дар роҳи наҷоти миллати худ талош меварзид.

Ба муносибати милодаш, ки 20-уми май аст, ҳафтаи пеш мо талош кардем аз Лоиқи солҳои 90-ум гӯем ва дардҳои шоирро бо истифода аз ашъораш рӯйи саҳфа орем. Ин матлабро дар ин пайванд бихонед.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – “Афғонистон” бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст