Ширкати Nokia дар ҳамкорӣ бо “Вавилон” фаъолияти расмии худро дар бозори алоқаи Тоҷикистон оғоз кард

Рӯзи 23-юми май дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” маросими дар бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон расман ба фаъолият оғоз кардани ширкати Nokia баргузор шуд. Ин ширкат дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи ширкатҳои “Вавилон” фаъолият хоҳад кард. Дар маҳфил Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Питер Вуковитс, муовини президенти ширкати Nokia,  Евгений Баличев, роҳбари минтақавии […]

Варақаи иттилоотӣ

Рӯзи 23-юми май дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” маросими дар бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон расман ба фаъолият оғоз кардани ширкати Nokia баргузор шуд. Ин ширкат дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи ширкатҳои “Вавилон” фаъолият хоҳад кард.

Дар маҳфил Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Питер Вуковитс, муовини президенти ширкати Nokia,  Евгений Баличев, роҳбари минтақавии Nokia дар Украина, Осиёи Марказӣ, Каспий, Александр Шунин, роҳбари минтақавии Nokia дар АвруОсиё, Павел Родионов, роҳбари Nokia дар Ӯзбекистон, намояндагони ширкатҳои телекоммуникатсионӣ, сафоратҳо, муассисаҳои молиявӣ, расонаҳо ва меҳмонони зиёд иштирок намуданд.

 

Чорабиниро Беҳзод Файзуллоев, раиси Шӯрои директорони гурӯҳи ширкатҳои “Вавилон” ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки “имрӯз барои гурӯҳи ширкатҳои “Вавилон” ва тамоми соҳаи алоқаи кишвар рӯзи таърихист.

“Мо оғози расмии ҳамкории худро бо яке аз пешсафони ҷаҳонӣ дар соҳаи телекоммуникатсия — ширкати Nokia — эълон менамоем”, – зикр кард Файзуллоев.

Ӯ таъкид кард, ки ин иқдом дар доираи сиёсати давлатии рақамисозии иқтисод, бо роҳнамоии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи эълони солҳои 2025–2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” амалӣ мегардад.

 

Ҳамкорӣ бо ширкати Nokia барои ворид намудани технологияи пешрафта ба кишвар, аз ҷумла шабакаҳои LTE ва 5G, мусоидат намуда, ба рушди инфрасохтори рақамӣ ва пешниҳоди хидматрасониҳои босифат ва рақобатпазир ба аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Исфандиёри Саъдулло зимни суханронӣ оғози фаъолияти Nokia-ро як қадами муҳим дар рушди соҳаи алоқа арзёбӣ намуда, онро оғози марҳилаи нав ва умедбахш дар таърихи телекоммуникатсия номид.

Питер Вуковитс оғози расмии фаъолияти ширкатро дар Тоҷикистон эълон намуда, таъкид кард, ки ин рӯйдод барои ҳар ду ҷониб — таърихист.

Намояндагони ширкати Nokia дар идомаи чорабинӣ фаъолияти ширкатро муаррифӣ намуданд.

Гурӯҳи ширкатҳои “Вавилон” мутмаин аст, ки ин ҳамкорӣ ба воридшавии технологияҳои муосир, рушди соҳа ва фароҳам сохтани имкониятҳои нав барои шаҳрвандон, соҳибкорон ва ҷомеа дар маҷмӯъ мусоидат хоҳад кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.