Як мард барои куштори зану фарзанди 11-солааш ба ҳабси абад маҳкум шудааст

Додгоҳи вилояти Суғд як сокини ноҳияи Зафарободро ба куштори зану фарзанд ва оташ задани ҷасади онҳо гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Дар ин бора Шӯҳрат Маҳмадназарӣ додраси Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод. Манбаъ аз маҳкумшуда Зокир Азамови 40-сола, сокини ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ном бурда, гуфт, ки ӯ барои одамкушӣ ё […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Додгоҳи вилояти Суғд як сокини ноҳияи Зафарободро ба куштори зану фарзанд ва оташ задани ҷасади онҳо гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Дар ин бора Шӯҳрат Маҳмадназарӣ додраси Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ аз маҳкумшуда Зокир Азамови 40-сола, сокини ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ном бурда, гуфт, ки ӯ барои одамкушӣ ё қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор ва бо ҳукми абад маҳкум шуд.

Ин додрас гуфт, ки Зокир Азамов дар заминаи “нофаҳмӣ ва рашку адоват, ки гӯё ҳамсараш Фирӯза Азамоваи 36-сола ба ӯ хиёнат кардааст” даст ба одамкушӣ задааст. Онҳо ҳудуди 15 сол пеш оиладор шуда, соҳиби як фарзанд будаанд.

“Зокир Азамов соати 22-и шаби 28-уми нобяри 2024 бо воситаи тиреза бо манзили истиқоматии худ ворид шуда, аввал бо ҳамсараш Фирӯза Азамова муноқиша мекунад. Баъдан, вақте занаш хоб мекунад, ӯро ва фарзанди 11-солааш Саёдхон Азамоваро бо зарби табар, ки қаблан аз бозор бо мақсади куштори онҳо харида буд, ба ҳалокат мерасонад. Сипас, барои нест кардани изи ҷиноят бо бензин ҷасадҳоро оташ зада, манзилро тарк мекунад”, – омадааст дар ҳукми додгоҳ.

Манбаъ мегӯяд, ки ин ҳодиса баъди ҷустуҷӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ошкор шуда, Зокир Азамов дастгир ва ба курсии айбдорӣ нишаст.

Назари худи маҳкумшуда, наздикон ва вакили дифои ӯ маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки  куштори хонаводагӣ, хоса куштори ҳамсар аз дасти шавҳар  дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Ҳамасола даҳҳо нафар барои куштор ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гунаҳгор  ва ба муддатҳои гуногун равонаи зиндон мешаванд.

Аз ҷумла, Неъматҷон Эшонқулов, сокини 30-солаи шаҳри Хуҷанд, ки моҳи марти 2024 ҳамсари ҳомиладорашро бо зарби беш аз 70 корд кушта буд, бо ҳукми додгоҳ 25 сол аз озодӣ маҳрум шуд.    

Инчунин, сокини ноҳияи Деваштич Мақсудҷон Ҳасанов низ барои куштори ҳамсар ва хушдоманаш бо зарби табар, 25 сол равонаи зиндон шуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ соли 2024 дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2023-ум 18 ҳолат зиёд будааст.

Дар ин ниҳод шарҳ надоданд, ки бо чӣ далелҳо теъдоди куштор ва сӯиқасд ба ҷони одамон афзудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.