Маҷмӯаи ашъори Сафар Абдуллоҳ бори нахуст дар Тоҷикистон ба табъ расид

Date:

Бори нахуст маҷмӯаи ашъори профессор Сафар Абдуллоҳ, адабпажӯҳ ва эроншиноси маъруф бо номи “Дилнома” дар Тоҷикистон ба нашр расидааст. Мавсуф яке аз чеҳраҳои саршиноси адаби тоҷик аст, ки солҳост дар Қазоқистон умр ба сар мебарад.

Китоби “Дилнома” ба ифтихори 70-умин солгарди таваллуди ин донишманди тоҷик дар нашриёти “Адиб”-и шаҳри Душанбе ба теъдоди 300 нусха мунташир шудааст.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, яке аз адабиётшиносони шинохта дар пешгуфтори китоб гуфтааст, ки “Сафар Абдуллоҳ ҳам ноқиди хуб ва ҳам шоири хуб мебошад” ва таъкид доштааст, ки “агар нақд ва таълифоти адабиётшиносиаш ба аҳли илму адаби тоҷик ва хориҷ ошно буд, аз шеър гуфтани ӯ кам касоне хабар доштанд”.

“Мавзӯъҳои меҳварии шеъри Сафар Абдуллоҳ инҳоянд: ишқ ба Ватане, ки аз он ба иллати бӯқаламуниҳои замонааш – фоҷеаи солҳо 90-ум дур аз ёру диёр афтода; меҳр ба ёре, ки аз ӯ дур дар Ватан монда; ёди падару модар ва бузургони илму адаби миллат, ки марги нобаҳангом онҳоро рабуд; баёни ҳоли хеш ва гузашти умр; ёди айёми ҷавонию рафтани он ва фарорасидани даврони пирӣ ва ғайра”, – навиштааст Абдунабӣ Сатторзода.

Ин муннақиди шинохтаи тоҷик таъкид кардааст, ки “Сафар Абдуллоҳ ҳамчун шоир шеъри нағз мегӯяд. Ва ин чиз ба ӯ барои он муваффақ гардидааст, ки аз адабиёти гузашта ва кунунии форсии тоҷикӣ вуқуфи комил дошта, беҳтарин намунаҳои шеъри дунёро низ фаро гирифтааст. Вай ҳофизаи қавӣ дошта, соатҳо метавонад намунаҳои шеърро ба забонҳои форсии тоҷикӣ, русӣ, қазоқӣ ва қироат намояд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сафар Абдуллоҳ

Бояд гуфт, ки “Дилнома” маҷмӯаи дуюми ашъори Сафар Абдуллоҳ аст. Соли 2023 бори нахуст бо хатти форсӣ маҷмӯаи нахустини шеърҳои Сафар Абдуллоҳ бо номи “Заҳри ғурбат” дар Афғонистон бо теъдоди 500 нусха ба табъ расида буд.

Сафар Абдуллоҳ донишманд ва адиби номии тоҷик ва яке аз чеҳраҳои шинохташудае дар ҳавзаҳои илмию адабии Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия ва кишварҳои ҳамсоя аст.

Мавсуф муассис ва сардабири маҷаллаи илмии шарқшиносӣ ба забони русӣ "Эроннома " мебошад, ки то кунун беш аз 50 шумораи он нашр шудааст.

Сафар Абдуллоҳ профессори Донишгоҳи равобити байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳони Қазоқистон ба номи Абилайхон, узви Иттиҳодияҳои нависандагони Тоҷикистон ва Қазоқистон, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ буда, барои хидматҳои арзандааш бо Ҷоизаи байналмилалии Форобӣ, Нишони тиллои ваҳдати халқҳои Қазоқистон сарфароз гардидааст.

Перомуни шахсият ва корномаи Сафар Абдуллоҳ аз матлаби мо бо номи “Забони бародарро “тоҷикӣ”, забони хоҳарро “дарӣ” гуфтанд” маълумоти муфассал гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...