Ихроҷи беш аз 19 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия давоми чор моҳи охир

Мақомоти Русия давоми чор моҳи охир беш аз 19 ҳазор муҳоҷири ғайриқонуниро аз ҳудуди ин кишвар ихроҷ кардаанд. Дар миёни хориҷшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, аммо теъдоди дақиқи онҳо маълум нест. Хабаргузории “Интерфакс” рӯзи 24-уми май навишт, ки аз аввали соли ҷорӣ то кунун додгоҳҳои Русия 19,1 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ ва шахсони бешаҳрвандиро ихроҷ кардаанд. […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Мақомоти Русия давоми чор моҳи охир беш аз 19 ҳазор муҳоҷири ғайриқонуниро аз ҳудуди ин кишвар ихроҷ кардаанд. Дар миёни хориҷшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, аммо теъдоди дақиқи онҳо маълум нест.

Хабаргузории “Интерфакс” рӯзи 24-уми май навишт, ки аз аввали соли ҷорӣ то кунун додгоҳҳои Русия 19,1 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ ва шахсони бешаҳрвандиро ихроҷ кардаанд. Манбаъ гуфтааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 600 нафар камтар будааст.

Дар чор моҳи соли 2024-ум ин рақам 21,7 ҳазор нафарро ташкил кардааст.

Тибқи маълумоти дафтари матбуоти идораи додгоҳҳои Русия, сабаби камтар шудани ихроҷ тамдиди муҳлати қонуни кардани будубош ва кори муҳоҷирон дар Русияро то 10-уми сентябр аст. 

Ёдрас мешавем, ки охири моҳи декабр раисҷумҳури Русия фармонеро имзо кард, ки мувофиқи он муҳоҷироне, ки дар ҳудуди ин кишвар ғайриқонунӣ қарор доранд, уҳдадор гардиданд, то 30-юми апрели соли 2025 ҳузуру кори худро дар ин кишвар қонунӣ гардонанд.

Охири моҳи апрел бо судури фармони дигар муҳлати қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави Русия, то 10-уми сентябр дароз кард.

 

Бояд гуфт, ки касоне, ки то ин муҳлат мақоми ҳузури худро қонунӣ намесозанд, бояд кишварро тарк кунанд. “Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?” дар матлаби зерин мутолиа кунед.

Тибқи маълумоти расмӣ, мақомоти Русия давоми соли 2024-ум дар маҷмӯъ 88 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, ки дар ин кишвар ғайриқонунӣ иқомат доштаанд, ихроҷ кардаанд.

Ин теъдод қариб як баробар бештар аз соли 2023-юм аст. Дар ин сол беш аз 44,2 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро аз Русия ихроҷ карда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон омори расмии ихроҷшудагонро ба расонаҳои кишвар дастрас намекунанд ва аз додани ҳар гуна маълумоти расмӣ дар ин бобат худдорӣ мекунанд. Танҳо Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 14-уми феврали имсол изҳор дошт, ки теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли гузашта аз Русия ихроҷ шудаанд, то 30 ҳазор нафар расид.

Бояд гуфт, пас аз ҳодисаи “Крокус” дар соли гузашта фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд ва қоидаву қарорҳои нав кор ва будубоши муҳоҷиронро дар Русия душвор кард. Чаро ва чӣ гуна Русия фаъолияти муҳоҷиронро маҳдуд мекунад, дар ин пайванд мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио