Сокинони Деваштич пули ҳаҷро барои сохтани мактаб сарф кардаанд

Дар ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич сокинони маҳаллӣ маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро барои сохтани мактаби нав сарф намудаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дода, менависад, бунёди мактаби №48 бо дастгирии тамоми сокинон бо усули ҳашар идома дорад. Бинои нав аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои таҳсили то 1000 […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич сокинони маҳаллӣ маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро барои сохтани мактаби нав сарф намудаанд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дода, менависад, бунёди мактаби №48 бо дастгирии тамоми сокинон бо усули ҳашар идома дорад.

Бинои нав аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои таҳсили то 1000 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

"Сокинон маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро барои бунёди мактаб, ки фарзандону наберагонашон дар он таҳсил мекунанд, сарф намуда истодаанд", – гуфта шудааст дар хабар.

Ин иқдом бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва талабот ба муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардидааст.

25 май зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷараёни бунёди иншооти ҷашниро дида, таъкид намудааст, ки ҳукумати вилоят сокинонро дар ин кор “ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад”.

 

Ин ташаббус дар соли равон бори аввал нест. Имсол 80 тан сокинони ноҳияи Данғара хоҳиши адои маросими ҳаҷ карда буданд, аммо 40 нафари онҳо аз сафар даст кашида, маблағҳои барои ин мақсад ҷамъовардаро барои ободонии ноҳия сарф намудаанд. Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як семинар-машварат дар ноҳияи Данғара хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, “соҳибкорону сокинони саховатманд”-и Данғара барои бунёди иншооти гуногун ва ободонии ноҳияи худ 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кардаанд.

Аз ин маблағи калон 628 миллион сомонӣ барои бунёди муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ сарф шудааст.

Ёдовар мешавем, ки хоҳишмандони сафар ба ҳаҷ аз Тоҷикистон зиёд аст ва танҳо имсол ҳудуди 7 ҳазор шаҳрванди кишвар метавонанд ба зиёрати хонаи Худо раванд. Дар баробари ин, ҳар сол ҳазорҳо сокини кишвар ба умра мераванд.

Мақомот ҳамеша сокинонро ба сарфи маблағи барои адои ҳаҷу умра ҷамъоварда ҷиҳати ободии маҳалли худ тарғиб мекунанд. Аз ин сабаб, сари ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи сарфи маблағи барои ҳаҷу умра ҷамъкарда дар ободонии маҳал интишор мегарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.