Дастури зина ба зина: чӣ гуна метавон резиденти IT-Park-и Душанбе шуд

Моҳи апрели соли равон дар пойтахт IT-Park боз шуд. Ҳадафи аслии он кумак ба ширкатҳои маҳаллии навтаъсис ва аллакай фаъолиятдошта дар оғози лоиҳа (стартапҳо) дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (IT) аст. Ин аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзу сабукиҳои гуногун ва шароити мусоид, аз ҷумла толорҳои коворкинг (толори кори муштарак) ва интернет амалӣ мешавад. Чаро резиденти IT-Park-и Душанбе […]

Алина Валамат-Зода, Asia-Plus

Моҳи апрели соли равон дар пойтахт IT-Park боз шуд. Ҳадафи аслии он кумак ба ширкатҳои маҳаллии навтаъсис ва аллакай фаъолиятдошта дар оғози лоиҳа (стартапҳо) дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (IT) аст. Ин аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзу сабукиҳои гуногун ва шароити мусоид, аз ҷумла толорҳои коворкинг (толори кори муштарак) ва интернет амалӣ мешавад.

Чаро резиденти IT-Park-и Душанбе шудан лозим аст?

Дар навбати аввал ин албатта, дар назар доштани имтиёзу сабукиҳо дар пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ мебошад.

Мувофиқи Кодекси андози ҷумҳурӣ, резидентҳо (аъзо)-и IT-Park-ҳо аз пардохти ҳама гуна навъҳои андоз озод карда мешаванд, ба истиснои андоз аз даромади шахсони воқеӣ (6%) ва андози иҷтимоӣ (1%).

Ғайр аз ин, воридоти таҷҳизоти инноватсионӣ, ки барои фаъолияти ширкатҳо дар дохили IT-Park истифода мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешавад.

Ҳамчунин ба резидентҳо дастрасӣ ба бинои IT-Park ва мутаносибан ба интернет, гуфтушунидҳо ва минтақаҳои коворкинг  дода мешавад. Муҳим аст, ки дар ин ҷо шумо барои нетворкинг (роҳандозии робитаҳои муфид) ва шиносоии наздик бо дигар резидентҳо имкон пайдо мекунед.    

Дар IT-Park аллакай резидентҳо ҳастанд?

Бале, айни замон аллакай 18 резидент. Бо рӯйхати пурраи резидентҳо, ном ва навъи фаъолияти онҳо метавонед бо ин суроға шинос шавед.

Дар қатори онҳо Алиф, zypl.ai, planet9 зикр шудаанд. Аммо ширкати бузургу маъруф будан ҳатмӣ нест. Масалан, соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла Jumma низ ҳаст.

Кӣ метавонад резидент шавад?

Аввалан, фаъолияти шумо бояд ба яке аз 22 самти муқарраршуда мувофиқ бошад. Ба ин номгӯй бунёди шабакаҳои нейронӣ, таҳияи электроника, усулуҳои инноватсионӣ дар бахши сайёҳӣ ба бисёр самтҳои дигар дохил мешаванд.

Ҳамчунин шумо бояд ба сифати шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошед.

Чӣ гуна метавон резидент шуд?

Дар сомонаи IT-Park шумо метавонед онлайн-дархост пур кунед. Драхости шуморо комиссияи махсус баррасӣ карда, барои аз натиҷаҳояш огоҳ кардан, бо шумо дар тамос мешавад.

Барои пешниҳоди дархост шуморо лозим аст чунин ҳуҷҷатҳоро ҷамъоварӣ кунед:

– ариза ба номи IT-Park

– нусхаи иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ

– ҳуҷҷат аз мақомоти андоз дар бораи аз қарз озод будан

– ва аз ҳама муҳимаш, нақшаи тиҷоратӣ, ки маҳз бар асоси он комиссия қарори ниҳоӣ қабул мекунад.

Нақшаи тиҷоратӣ бояд чӣ гуна бошад?

Нақшаи тиҷоратӣ барои он лозим аст, то ки IT-Park ба нақшаи дарвоқеъ роҳандозии маҳз фаъолияти дар дархост зикркардаатон бовар ҳосил намояд.

Аз ин рӯ, ин қисмро муфассал шарҳ додан лозим аст. Дар бораи шуғли ҳозира, инчунин ҳадафу нақшаҳои минбаъдаатон муфассал маълумот диҳед. Ҳамчунин манбаъҳои молиявии фаъолияти худ ва нафъи иқтисодиву иҷтимоии онро зикр кунед.

Дар назар дошта бошед, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла худи нақшаи тиҷоратӣ низ бояд бо забони тоҷикӣ бошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.