Оҷонсии навтаъсиси назорат дар соҳаи энергетика як корхонаро барои дуздии барқ беш аз 44,5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда, нисбати се корманди шабакаҳои тақсимоти барқӣ як ноҳия барои бемасъулиятӣ дар иҷрои уҳдадорҳои касбӣ парвандаи маъмурӣ боз кардааст. Дар ин бора Оҷонсӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти ҶДММ “Собир-САМ” дар сохтмони мактабе дар Файзобод барқи дӯздӣ истифода мекарданд.
“Бинобар бемасъулиятии роҳбарияти Шабакаҳои барқи ноҳияи Файзобод ҶДММ “Собир сам”, ки дар деҳаи мазкур муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд намуда истодааст, бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва бе насби ҳисобкунаки барқӣ, яъне ғайриқонунӣ неруи барқро истифода мебурд”, – навиштааст Оҷонсӣ.
Мақомот роҳбарияти ин корхонаро барои ин кор 44 ҳазору 513 ҷарима кардаанд.
Назари роҳбарияти ин ширкати сохтмонӣ маълум нест.
Манбаъ навиштааст, ки нисбати се корманди Шабакаҳои барқи ноҳияи Файзобод низ бо гумони “риоя накардани қоидаҳои истифодаи барқ ва иҷро накардани уҳдадорӣ” (моддаи 394 қисми 3-и КҲМ) парвандаи маъмурӣ боз шудааст.
Ин банди қонунгузорӣ нисбати гумонбарон то 2 ҳазору 625 сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ мекунад.
Назари кормандони Шабакаҳои барқ дар робита ба ин масъала маълум нест.
Бояд гуфт, ки дар пайи сангин шудани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ, то ин муддат мақомот аз боз шудани чанд парвандаи маъмурӣ ва ҷиноятӣ хабар доданд, ки ба “дузд”-ии барқ гумонбар мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Он дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Дар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.
Ҳамчунин, бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ шаҳрвандон, мансабдорон ва соҳибони коргоҳу корхонаҳо аз 1 ҳазору 500 то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.


