Тоҷикистонро боз чангу ғубор фаро мегирад. Чӣ гуна саломатиро ҳифз кунем?

Дар Тоҷикистон аз 6-ум то 9-уми июн тӯфони гарду ғубори навбатӣ пешгӯӣ мешавад. Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) аҳолиро аз оқибатҳои он ҳушдор додааст. Ин ниҳод гуфтаст, ки дар ин рӯзҳо дар вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби гарду ғуборе, ки ба кишвар ворид мегардад, баланд […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз 6-ум то 9-уми июн тӯфони гарду ғубори навбатӣ пешгӯӣ мешавад. Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) аҳолиро аз оқибатҳои он ҳушдор додааст.

Ин ниҳод гуфтаст, ки дар ин рӯзҳо дар вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби гарду ғуборе, ки ба кишвар ворид мегардад, баланд шудани ҳолати олудагии ҳаво аз зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм-2,5) вуҷуд дорад.

Дар пайи ин, КҲФ аз аҳолии кишвар хостааст, ба касоне, ки аз бемориҳои дилу раг ранҷ мекашанд ва ё гирифтори касалиҳои қанд мебошанд, диққат диҳанд.

Ин ниҳод, ҳамчунин, аз ронандагон ва гардишгарӣ талаб кардааст, ки дар ин гуна рӯзҳои пурғубор суръати ҳаракати мошинро дар роҳҳо риоя карда, фосила байни мошинҳоро нигоҳ доранд.

Инчунин, ин ниҳод нӯшидани оби зиёду афшурдаи меваҳо, пушидани тирезаҳо ва тоза нигоҳ доштани ҳавои дохили хона,  бо латтаи нарму нам пок кардани фарш ва тирезаҳо ва истифода накардан аз айнакҳои иртиботиро тавсия додааст.

“Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиқ ва роҳи нафасанд, тавсия дода мешавад, ки меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳанд ва ҳамеша бо худ дастгоҳҳои нафасдиҳӣ дошта бошанд”, – омадааст дар хабари КҲФ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтааст, ки дар ҳоли пеш омадани ҳолати нохуш шаҳрвандон метавонанд бо рақамҳои 112 ва ё 223-13-11, 93 880 28 19 ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Чанд соли охир чангу ғубор ё хокбориш дар Тоҷикистон зиёд ба чашм мерасад. Махсусан, имсол аллакай, бори чаҳорум аст, ки кишварро чангу ғубор фаро мегирад. Қаблан, КҲФ аз гармои шадид ва тӯфони чангу ғубор хабар дода таъкид карда буд, ки ин гуна болоравии дамо ғайримуқаррарӣ аст ва пеш иттифоқ наафтода буд.

Дар маводи “Азия-Плюс” бо номи “Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад. Он чӣ хатар дорад ва барои пешгирӣ чӣ бояд кард?” метавонед дар таъсири чангу ғубор ба солимии инсон маълумот дарёфт кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.