Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи 1-и ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Исфараро, ки қаблан аз рӯйи далели гирифтани 20 ҳазор сомонӣ боздошт шуда буд, ҷиҳати баррасӣ ба додгоҳ ирсол намуданд.
Тавре ки дафтари матбуоти Агентӣ иттилоъ медиҳад, моҳи феврали соли 2025 муфаттиш М.Шукурзода аз шаҳрванд М.М. дар доираи парвандаи ҷиноятии дар истеҳсолоташ қарордошта оғоз накардан ва қатъ намудани қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ бинобар дар кирдораш мавҷуд набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, маблағи 20 ҳазор сомонӣ талаб намуд.
Пас аз гирифтани 20 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд М.М. Шукурзода дар дохили автомашинааш дар қаламрави шаҳри Исфара бо далели шайъӣ боздошт шуд. Ин воқеа моҳи феврал сурат гирифта, лекин танҳо акнун расонаӣ мешавад.
Нисбат ба Шукурзода мувофиқи қисми 1, моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (“Гирифтани пора”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
“Парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳ ирсол гардид”, – хабар медиҳад Агентӣ.
Дар қисми 1 моддаи 319 КҶ Тоҷикистон ҷарима ба андозаи аз 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда 75 сомонӣ) ё ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол бо маҳрум кардани аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ба муҳати то 3 сол пешбинӣ мешавад.
Бино ба маълумоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, соли 2024 дар Тоҷикистон 2323 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳама бештар ба ин ҷиноятҳо кормандони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (257 ҷиноят), соҳаи маориф ва илм (172), инчунин Вазорати мудофиа (171) даст задаанд.
Дар Шохис (Индекс)-и ҳамасолаи дарки коррупсия аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 Тоҷикистон байни 180 кишвар дар зинаи 164-ум қарор гирифта, дар муқоиса бо соли пешин 1 зина поин рафт.


