Байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ барқарор шуд

Рӯзи 16-уми июн аввалин парвози ҳавопаймои мусофирбар тариқи хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе – Пекин сурат гирифт. Хатсайри нав аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "China Southern Airlines"-и Чин роҳандозӣ шуд. Парвоз тавассути ҳавопаймои "Boeing 787 Dreamliner" анҷом дода шуд. Минбаъд ширкат аз ҳавопаймоҳои "Boeing 737-8" истифода мекунад. Мувофиқи ҷадвал, парвозҳо ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва […]

Asia-Plus

Рӯзи 16-уми июн аввалин парвози ҳавопаймои мусофирбар тариқи хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе – Пекин сурат гирифт. Хатсайри нав аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "China Southern Airlines"-и Чин роҳандозӣ шуд.

Парвоз тавассути ҳавопаймои "Boeing 787 Dreamliner" анҷом дода шуд. Минбаъд ширкат аз ҳавопаймоҳои "Boeing 737-8" истифода мекунад.

Мувофиқи ҷадвал, парвозҳо ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва шанбе иҷро карда мешаванд.

Аз Пекин ҳавопаймо соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ парвоз карда соати 21:00 ба Душанбе фуруд меояд. Бозпас аз Душанбе ҳавопаймо соати 22:30 дақиқа парвоз карда, соати 7:20 дақиқаи рӯзи дигар ба Пекин мерасад.

Вақти парвоз ҳудуди 7 соат ба як самт ва 6 соат ба самти бозгаштро ташкил медиҳад.

Роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ байни пойтахти кишварҳо "барои таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Чин иқдоми муҳим" арзёбӣ мешавад.

Хатсайри ҳавои байни Душанбе ва Пекин соли 2016 роҳандозӣ гардида буд. Ҳамаи парвозҳо бо ин хатсайр бояд ҳафтае як бор рӯзҳои душанбе дар ҳавопаймоҳои Boeing 757 иҷро мешуданд. Вақти парвоз 5 соату 30 дақиқаро ташкил медод.

Пас аз се моҳ бо сабаби кам будани талаботи мусофирон, лозим омад, ки хатсайрҳо боздошта шаванд. Онҳо соли 2017 дубора барқарор гардида, лекин баъди чанде боз бекор шуданд.

 

Аз оғози соли 2020 бинобар сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19 хатсайри ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин мутаваққиф шуд.

Муддати зиёд байни Тоҷикистону Чин парвозҳо танҳо бо хатсайри Душанбе – Урумчӣ сурат мегирифтанд ва соли 2024 байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қошғар хатсайри ҳавоӣ боз шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.