Қурби доллар нисбат ба сомонӣ баъди уфти чашмрас дубора боло рафт

Date:

Баъди тақрибан ду моҳи поинравии назарраси қурби доллари ИМА дар баробари пули миллӣ – сомонии Тоҷикистон, дар чанд рӯзи охир он дубора боло рафтааст. Давоми тақрибан ду ҳафтаи охир қурби доллар дар баробапи пули миллӣ 23 сомонӣ боло рафтааст.

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), имрӯз, 17-уми июн 100 доллар ИМА дар бонкҳо каме беш 1012 сомонӣ иваз мешавад. Ин дар ҳолест, ки тақрибан ду ҳафта пеш, 4-уми июн 100 доллар 989 сомонӣ буд.

Уфти доллар тақрибан дар миёнаҳои моҳи апрел оғоз шуда, то 9-уми июн идома кард. Рӯзи 10-уми июн қурби доллар дар баробари пули миллӣ –сомонии Тоҷикистон ба беҳтаршавӣ оғоз кард. Масалан, рӯзи 9-уми июн 100 доллар 988 иваз мешуд, рӯзи 10-уми июн 990 шуд, рӯзи 11-уми июн 993 ва ҳамин тариқ, то имрӯз, 17-уми июн ба 1012 сомонӣ расидааст.

Гуфта мешавад, ки коҳиши доллар нисбат ба сомонӣ дар пасманзари уфти арзиши он нисбат ба рубли русӣ оғоз гардид.

Қаблан, БМТ гуфта буд, ки поин рафтани қурби доллар нисбат ба сомониро “таъсири маҷмӯи омилҳои берунӣ ва дохилӣ” шарҳ дода буд.

Дар ин ниҳод шарҳ дода буданд, ки бахсус динамикаи қурби рубли русӣ ба доллари ИМА, ки дар натиҷаи тағийрёбии нархи манбаъҳои энерҷӣ (пеш аз ҳама нафту газ.-аз идора), танишҳои тиҷоратӣ ва бесуботӣ дар бозорҳои молиявии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст, ба тағйирёби қурби доллар нисбат ба сомонӣ таъсир мерасонад.

Ҳоло маълум нест, ки болоравии қурби доллар ба кадом омилҳо рабт дорад. БМТ то ҳол шарҳи расмӣ надодааст.

Бояд гуфт, тоҷирон яке аз сабабҳои гаронии нархи маҳсулотро маъмулан ба афзоши қурби доллар рабт медиҳанд. Вале тавре дида мешавад, нархи маҳсулоте, ки бо болоравии қурби доллар афзоиш меёбад, пас аз коҳиши қурби доллар поён намеояд. Раванди манфие, ки дар бозорҳои Тоҷикистон мушоҳида шуда, боиси норозигии аҳолӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...