Аз 1 июл барои воридоти телефонҳои мобилӣ ва смартфонҳо боҷи гумрукӣ ситонида мешавад

Аз 1-уми июни соли равон дар Тоҷикистон барои ворид намудани смартфон ва телефонҳои мобилӣ 20% боҷи гумрукии воридотӣ ситонида мешавад. Дар ин хусус дар қарори ҳукумат 10-уми июни соли 2025 таҳти №346 зикр мешавад. Қаблан барои ин таҷҳизот боҷ ситонида намешуд. Қоидаи нав ба телефонҳо бо рамзи молии “8517130000” ва “8517140000” истифода мешаванд. Ба рамзии молии якум телефонҳои одии мобилӣ […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Аз 1-уми июни соли равон дар Тоҷикистон барои ворид намудани смартфон ва телефонҳои мобилӣ 20% боҷи гумрукии воридотӣ ситонида мешавад. Дар ин хусус дар қарори ҳукумат 10-уми июни соли 2025 таҳти №346 зикр мешавад. Қаблан барои ин таҷҳизот боҷ ситонида намешуд.

Қоидаи нав ба телефонҳо бо рамзи молии “8517130000” ва “8517140000” истифода мешаванд. Ба рамзии молии якум телефонҳои одии мобилӣ ва рамзи молии дуввум смартфонҳо дохил мешаванд.

Тайғироти мазкур аз 1-уми июли соли 2025 мавриди амал қарор мегиранд.

Ин қарор ба ҳамаи таҷҳизоте, ки аз хориҷа ворид мешавад, дахл дорад. Ба ин тариқ, арзиши 1 дастгоҳ ҳангоми ворид намудан дарҳол ба андозаи аз панҷ як ҳисса зиёд мешавад.

Иқтисоддонҳо бар ин назаранд, ки дар натиҷа, нархҳои чакана ба телефонҳо вобаста ба тамғаашон метавонанд ба андозаи 15-25% боло раванд.

Ҳамчунин ин метавонад ба интихоби харидорон таъсир расонад, зеро онҳо минбаъд дигар телефонҳои нисбатан арзон ё аллакай истифодашударо ҷустуҷӯ мекунанд.

Сабабҳои ҷорӣ гардидани боҷро мақомот ҳоло шарҳ надодаанд. Қарори ҳукуматро то ҳол касе шарҳ ҳам надодааст.

Ба ақидаи мутахассисон, яке аз сабабҳои ҷорӣ кардани боҷ ворид кардани маблағи зиёдтар ба буҷет аз ҳисоби манбаҳои иловагии даромад мебошад.

 

Мо аллакай "IMEI" пардохт мекунем

Ёдрас мекунем, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон қоидаи бақайдгирии ҳатмии "IMEI"–кодҳои телефон ва планшетҳоро ҷорӣ карда буданд.

Ворид намудани "IMEI"-кодҳо ба низоми давлатии шинохт (идентификатсия)-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ аз 1-уми феврали соли 2023 оғоз шуда буд.

Давоми се моҳ "IMEI"-коди телефонҳои фаъол бо васли сим-кортҳои операторони мобилии алоқаи барқӣ ба таври автоматӣ ба пойгоҳи миллӣ ворид карда мешуданд. Аз 1-уми майи ҳамон сол воридкунандагонро уҳдадор карданд, ки ҳамаи телефонҳои овардаашонро аз расмиёти гумрукӣ гузаронида, боҷ пардохт кунанд.

Баъди аз расмиёти гумрукӣ гузаронидан "IMEI"-и телефонҳо ба таври худкор (автоматӣ) ба пойгоҳ илова карда мешаванд. Агар шахс аз хориҷа барои истифодаи шахсии худ ё туҳфа ба касе телефон оварда бошад, ӯ бояд эъломияи шакли "Т-6"-ро дар гузаргоҳи гумрукӣ пур кунад ва "IMEI"-и телефон ба таври худкор ба пойгоҳ илова мешавад.

Аз расмиёти гумрукӣ гузаронидани молҳо уҳдадории ширкати воридкунанда ва фурӯшанда аст. Вале фурӯшандаҳо нархи "IMEI"-ро, ки зимни ворид кардани мол пардохт карданд, ба болои маҳсулот зам мекунанд ва онро амалан харидор пардохт мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио