Боздошти як мард дар Хатлон бо гумони куштори духтари маъюбаш

Дар Хатлон як мард бо гумони куштори духтари маъюбаш дар ҳолати мастӣ боздошт шудааст. Дар ин бора пулиси Хатлон иттилоъ дода, навиштааст, ҳодиса рӯзи 10-уми июн дар ноҳияи Фархор рух додааст. Ба иттилои манбаъ, Назаров Сайвалӣ, сокини 61-солаи ин ноҳия дар ҳолати мастӣ ба хонааш омада, духтари 26-солаашро, ки бемории руҳӣ дошта, маъюби гурӯҳи 1 […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар Хатлон як мард бо гумони куштори духтари маъюбаш дар ҳолати мастӣ боздошт шудааст. Дар ин бора пулиси Хатлон иттилоъ дода, навиштааст, ҳодиса рӯзи 10-уми июн дар ноҳияи Фархор рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, Назаров Сайвалӣ, сокини 61-солаи ин ноҳия дар ҳолати мастӣ ба хонааш омада, духтари 26-солаашро, ки бемории руҳӣ дошта, маъюби гурӯҳи 1 будааст, бо дастчӯб латукӯб мекунад.

“Дар натиҷа духтараш аз зарбаҳои бераҳмона ва гирифтани ҷароҳатҳо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, модари ин духтар даргузашта буда, ӯ зери назорату тарбияи падараш қарор доштааст.

Нисбати номбурда мувофиқи қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми одамкушӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бар асоси ин иттиҳом, гумонбарро аз понздаҳ то бисту панҷ сол ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ё ҳукми адаб интизор аст.

Куштори кӯдакон ё фарзандон аз сӯи волидонашон бесобиқа набуда, пештар аз ин низ дар ин бора хабарҳо нашр мешуд. Аз ҷумла, моҳи майи соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Суғд як сокини ноҳияи Зафарободро ба куштори зану фарзанд ва оташ задани ҷасади онҳо гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум карда буд. 

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ соли 2024 дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 18 ҳолат зиёд будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.