Додгоҳи Хатлон як корманди худро барои “азхудкунии пули буҷет” 138 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст

Додгоҳи вилояти Хатлон як корманди бахши молияшро барои “азхудкунӣ ва исрофкории маблағҳои буҷетӣ” гунаҳгор ҳисобида, ӯро ҷарима кардааст. Дар ин ниҳод ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки Музафар Алимардонов, мутахасиси бахши молии Додгоҳи вилояти Хатлон зимни фаъолияти кориаш беш аз 305 ҳазор сомонӣ пули буҷетро азхуд кардааст. “Давоми соли 2020-2021 Музафар Алимардонов бо роҳи сохтакорӣ дар […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Додгоҳи вилояти Хатлон як корманди бахши молияшро барои “азхудкунӣ ва исрофкории маблағҳои буҷетӣ” гунаҳгор ҳисобида, ӯро ҷарима кардааст.

Дар ин ниҳод ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки Музафар Алимардонов, мутахасиси бахши молии Додгоҳи вилояти Хатлон зимни фаъолияти кориаш беш аз 305 ҳазор сомонӣ пули буҷетро азхуд кардааст.

“Давоми соли 2020-2021 Музафар Алимардонов бо роҳи сохтакорӣ дар 46 ҳолат ба номи 11 нафар ҳуҷҷат тартиб дода 48 ҳазору 346 сомонӣ музди меҳнати кормандонро аз худ кардааст. Ҳамчунин маоши кормандони додгоҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро нодуруст ҳисоб карда дар маҷмуъ ба буҷаи кишвар 305 ҳазору 428 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст”,- гуфтанд дар додгоҳ.

Дар ҳоле, ки назари Музафар Алимардонов нисбати ин қазия маълум нест, додгоҳ бо иттиҳоми “азхудкунӣ ё исрофкорӣ" ва "сохтакории хидматӣ” (модаи 245 қисми 4 ва моддаи 323 КҶ) гунаҳкор ҳисобида, ӯро ба андозаи 138 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.

Тасарруф ё азонихудкунии маблағҳзоли буҷетӣ яке аз мушкилиҳои Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мизи ҳарбӣ, додгоҳҳо ва заминсозӣ бо ин ҷурм дастгир ва ҳабс мешаванд.

Ба иттилои Оҷонсии зиддифасод давоми соли 2024-ум 2 ҳазору 323 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки аз ин шумора таҳқиқи 728 парванда анҷом ёфта, ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.