Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт

Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе имрӯз, 23-юми июн, бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвози охирин дар ин самт соли 2014 сурат гирифта буд. Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. “Парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Ванҷ ва баръакс бо 15 мусофир анҷом шуд. Замони рафту баргашт дар ин  масир […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе имрӯз, 23-юми июн, бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвози охирин дар ин самт соли 2014 сурат гирифта буд.

Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

“Парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Ванҷ ва баръакс бо 15 мусофир анҷом шуд. Замони рафту баргашт дар ин  масир мутаносибан 50 дақиқаӣ давом кард”, – гуфтанд аз ин ширкат.

Ба иттилои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” минбаъд парвоз дар ин масир ҳафтае як маротиба рӯзи ҷумъа тариқи ҳавопаймои АН-28 сурат мегирад. Ин ҳавопаймо имкони интиқоли 17 мусофир ва то 1750 кг борро дорад.

Нархи чипта аз як тараф 750 сомонӣ муайян гардидааст.

 

Барои фармоиши чипта сокинон имкон доранд ба суроғаи ширкати ҳавопаймоӣ, ки дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1, қарор дорад, муроҷиат кунанд ва ё бо рақамҳои: +992 900130443 , +992110000012 тамос гиранд.

Ёдрас мешавем, ки ин панҷумин хатсайри ҳавоии дохилист, ки ширкати “Тоҷик-Эйр” парвозҳоро анҷом медиҳад. Аз аввали сол ин ширкат парвоз дар масири “Душанбе-Хоруғ-Душанбе”, “Душанбе-Кӯлоб-Душанбе”“Душанбе-Панҷакент-Душанбе” ва “Душанбе-Рашт-Душанбе”-ро низ роҳандозӣ карда буд.

Бояд гуфт, парвозҳои азсаргирифтаи ширкати “Тоҷик-Эйр” дар масирҳои зикршуда, бидуни мушкил набуд. Баъзе парвозҳо барои чанд муддат ба таъхир афтод. Аз ҷумла, парвози аввалин дар масири “Душанбе-Панҷакент-Душанбе” 4 маротиба ба таъхир афтод. Ҳамчунин дар масири “Душанбе-Хоруғ-Душанбе” низ чанд муддат бо ин сабаб парвозҳо қатъ гардид. Масъулин сабаби ба таъхир гузоштани парвозҳоро ба номусоидии ҳаво рабт дода буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст