Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 июни соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 27 ИЮН

– Имрӯз дар саросари кишвар бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ чорабиниҳои ҷашнӣ доир мегарданд. Чорабинии асосии имсола, шоми имрӯз, дар шаҳри Хоруғи ВМКБ доир мегардад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур дар он ширкат хоҳад кард. Ӯ рӯзи 25-уми июн бо сафари серӯза ба Бадахшон рафта, дар навоҳии он як қатор роҳу иншоотро ба истифода супорид.

– Имрӯз соати 19:00 дар назди Шаршараи "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Интизор меравад, ки барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ намоиш дода шавад. Иштирок озод буда, сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд ширкат кунанд.

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои Заур Дахте, филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик идома дорад. Маросими ифтитоҳии намоигоҳ рӯзи 25-уми июн доир гардид ва қарор аст, ки намоишгоҳ як ҳафта идома кунад. Алоқамандон метавонанд давоми ин рӯзҳо аксҳои ӯро тамошо ва харидорӣ кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 27 ИЮН

Дар Тоҷикистон ҳар сол 27-уми июн ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. 27-уми июни соли 1997, пас аз 8 давра гуфушунид (дар солҳои 1994 то 1997) миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин, “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид.

Имзои ин санади тақдирсоз кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.

Бояд гуфт, ки давоми солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992-1997) беш аз 100 ҳазор кас кушта ва тахминан 1 млн кас гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ шуданд. Хисороти иқтисодии ин ҷанг беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ гуфта мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2014 – Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии солонаи саҳмиядорони ҶСК Неругоҳи барқи обии “Роғун” баргузор гардид.

Соли 2017 – Ба муносибати 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, дар шаҳри Ваҳдат варзишгоҳи 25-ҳазорнафарӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2019 – Дар фурудгоҳи Душанбе бунгоҳи нави идоракунӣ ва назорати парвозҳо расман ба кор оғоз кард.

Соли 2023 – Дар шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати Осиё оид ба “Гӯштингирӣ” баргузор гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1939 – Зодрӯзи Муҳаббат Бобоҷонова, зистшинос, доктори илмҳои биологӣ.

Соли 1940 – Мавлуди Санъат Муҳаммадиев, доктори илми биологӣ.

Соли 1959 – Зодрӯзи Нигина Шаропова, муовини пешини сарвазири Тоҷикистон ва собиқ муовини вазири тандурустӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нигина Шаропова

Нигина Шаропова фарзанди Минҳоҷ Ғуломов, олими барҷастаи илми тибби Тоҷикистон буда, масири падарро идома додааст. Ӯ солҳо дар беморхонаҳои кишвар фаъолият дошт ва баъдан дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кард.

Соли 1999 ӯ муовини сарвазири кишвар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ таъйин шуда, то соли 2004 ифои вазифа кард. Сипас ба ҳайси ҷонишини вазири тандурустӣ кор кардааст.

Нигина Шаропова баъдан дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ба фаъолият пардохт ва мудири кафедраи психиатрия ва наркологияи ба номи М.Ғуломов буд.

Ӯ муаллифи беш аз 100 асару мақолаи илмӣ ва китоби дарсӣ барои мактабҳои олии тиббӣ аст.

Соли 1989 – Мавлуди Некрӯз Сафарзода, пажӯҳишгар, муовини Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик.

Соли 2017 – Ӯлмас Ҷамол, шоире, ки бо ду забон- тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър мегуфт, дар 84-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии моҳидорӣ аст, ки моҳи июли соли 1984 аз ҷониби Конфронси байналмилалии танзими соҳаи моҳидорӣ дар шаҳри Рум таъсис ёфтааст. Дар ин рӯз дар аксар кишварҳо миёни ҳаваскорон ва моҳидорони касбӣ мусобиқаҳои моҳидорӣ баргузор мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии корхонаҳои хурду миёна аст, ки бо қарори Маҷмаи Умумии СММ қабул шудааст. Чунин корхонаҳо, ки то 250 корманд доранд, асоси иқтисоди кишварҳоро ташкил медиҳанд, бахусус дар кишварҳои рӯ ба рушд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии микробиома аст. Он бо ибтикори Ассотсиатсияи микробиомаи Ирландия таъсис ёфтааст, то таваҷҷуҳи ҷомеаро ба илм ва таҳқиқоти марбут ба олами микроорганизмҳо ҷалб кунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз Рӯзи ихтирои дастгоҳи худпардоз (банкомат) аст. 27-уми июни соли 1967 нахустин дастгоҳи худпардоз дар яке аз филиалҳои бонки "Barclays" дар Лондон насб шуд. Нархи он $18 000 буд. Ихтироъкори он Ҷон Шепард-Баррон мебошад, ки бо илҳом аз автомати шоколадфурӯшӣ онро сохтааст.

Худпардози аввалин на бо корти пластикӣ, балки бо рамзи махфӣ кор мекард. Рег Варни, ҳунарпешаи маъруфи англис, аввалин нафаре буд, ки аз он пул гирифт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ банкоматҳои аввалин соли 1991 пайдо шуданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 27 ИЮНИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш, эҳтимоли раъду барқ пешгӯӣ шуда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 21+26º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 20+25º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои  камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...