То ҳол чанд хонаи аз заминҷунбӣ зарардидаи Тоҷикобод пурра сохта шудааст?

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ (КҲФ) аз барқарор кардани хонаҳое, ки дар пайи заминҷунбии моҳи апрели соли равон дар минтақаи Рашт осеб дида буданд, хабар дод. Ин ниҳод навишт, ки фаъолияти комиссияи вижа “ҷиҳати барқарорсозии хисороти расида аз офатҳои табиӣ дар минтақаи Рашт идома дорад”. “Дар ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ, […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ (КҲФ) аз барқарор кардани хонаҳое, ки дар пайи заминҷунбии моҳи апрели соли равон дар минтақаи Рашт осеб дида буданд, хабар дод.

Ин ниҳод навишт, ки фаъолияти комиссияи вижа “ҷиҳати барқарорсозии хисороти расида аз офатҳои табиӣ дар минтақаи Рашт идома дорад”.

“Дар ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ, дар баробари дигар сохтору муассисаҳои давлатӣ ва аҳолӣ, инчунин афсарону сарбозони қисми ҳарбии 45075-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони хонаҳои истиқоматии пурра ва қисман зарардида сафарбар гардиданд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Ин ниҳод гуфтааст, ки то ҳол дар хонаҳои пурра зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод чунин корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст:

– дар 32 хона — бардоштани девор (100%);

– дар 25 хона — сохтани бом ва болопӯш (аз 10% то 100%);

– дар 10 хона — андова (штукатурка) (аз 30% то 100%);

– дар 6 хона — насби дару тиреза (аз 50% то 90%);

– дар 2 хона — гирифтани фаршу шифт (аз 60% то 65%);

– дар 1 хона — корҳои рангу бор (55%).

Ҳамчунин,дар хонаҳои қисман зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод чунин корҳои сохтмонӣ то ҳол ба анҷом расидааст:

– дар 164 хона — корҳои ҳамворкунии замин (100%);

– дар 164 хона — насби қолаб (опалубка) барои рехтани семент (аз 70% то 100%);

– дар 162 хона — бардоштани девор (аз 5% то 100%);

– дар 4 хона — пӯшидани бом ва болопӯш (аз 10% то 20%).

КҲФ мегӯяд, корҳои барқарорсозӣ дар минтақаҳои зикршуда идома дошта, он таҳти назорати доимии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қарор дорад.

Дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамчунин, 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман вайрон шуда, 321 хонаи дигар зарари сабук дидаанд. Ҳамчунин, 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфтааст.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) зарари заминларза дар маҷмӯъ, беш аз 17,78 миллион сомонӣ ($1,66 млн) ҳисоб шудааст. Дар маҷмуъ 1 ҳазору 331 оила, ҳамагӣ 5 ҳазору 639 нафар зарар дидаанд.

Тибқи супориши Эмомалӣ Раҳмон  ба зарардидаҳо замин ҷудо карда шуда, хонаҳои онҳо бояд то 1-уми ноябри имсол пурра сохта ба истифода дода шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио