Дар шаҳрдории Панҷакент ҷузъиёти ба ҳалокат расидани 7 нафар корманди Корхонаи давлатии Обу корези шаҳрро шарҳ доданд.
Як масъули шарҳдорӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, дар пайи ин қазия додистонии шаҳри Панҷакент парванда боз карда, тафтишот идома хоҳад дод.
Ӯ афзуд, дар баробари дигарон, 7 нафар аз рӯи нақшаи корӣ барои санҷиши қубурҳои шаҳр рафта буданд, вале дар қубури ташнобгузари кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон аз гази баланд яке пайи дигаре ҷон доданд.
“Кормандон аз рӯи нақшаи корӣ бояд ҳама қубурҳои шаҳрро аз санҷиш мегузарониданд. Ин 7 нафар барои санҷиши қубурҳои кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон мераванд ва як нафар вориди қубур шуда, аз гази баланди он беҳуш мешавад ва барои кумаки ӯ корманди дуюм вориди қубур шуда, ӯ ҳам баромада наметавонад. Ҳамин тавр, ҳар нафаре, ки барои кумак ба қубур медарояд, дигар баромада наметавонад”, – шаҳр дод ин масъули шаҳр.
Вай гуфт, маълум нест, ки кормандон москҳои зиддигазӣ доштанд ва ё не, вале ҳама маводҳои санҷишҳои пешакӣ ба додситонии шаҳр равон карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса додситонӣ парванда боз карда, тафтишотро идома хоҳад дод.
Ду нафар сокини маҳаллӣ, ки ба кормандони Обу корез кумак мекарданд ва дар беморхона бистарӣ буданд, ҳоло мураххас шуда, вазъи саломатиашон хуб арзёбӣ мешавад.
Аз ҷонбохтагон Дилшод Маҳмудов, Ризо Мустафоев, Ғайрат Мустафоев, Ҳамроқул Самадов, Саидҷон Самадов, Ҷамолиддин Назиров – кормандон ва Баҳром Исломзода, раиси Корхонаи воҳиди давлатии Обу корези Панҷакент ном бурда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 13-уми майи соли равон дар шаҳри Панҷакент бар асари як ҳодисаи нохуш 7 корманди Корхонаи воҳиди давлатии Обу корез (“Водоканал”) ба ҳалокат расиданд.