Парвозҳо аз Душанбе ба Машҳад аз сар гирифта мешаванд

Шурӯъ аз 4-уми июли соли равон ширкати ҳавопаймоии эронии “Varesh Airline” парвозҳоро дар масири Душанбе-Машҳад-Душанбе барқарор мекунад. Дар ин бора аз намояндагии ин ширкат дар Душанбе ба “Asia-Plus” хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, шурӯи парвозҳо айни замон танҳо ба Машҳад дар назар буда, парвозҳо ба Теҳрон ҳанӯз маълум нест, ки кай барқарор мешавад. “Парвозҳо ба […]

Asia-Plus

Шурӯъ аз 4-уми июли соли равон ширкати ҳавопаймоии эронии “Varesh Airline” парвозҳоро дар масири Душанбе-Машҳад-Душанбе барқарор мекунад. Дар ин бора аз намояндагии ин ширкат дар Душанбе ба “Asia-Plus” хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, шурӯи парвозҳо айни замон танҳо ба Машҳад дар назар буда, парвозҳо ба Теҳрон ҳанӯз маълум нест, ки кай барқарор мешавад.

“Парвозҳо ба Теҳрон кай дубора оғоз мешаванд, ҳанӯз маълум нест”, – гуфтанд аз намояндагии ширкат.

Қарор аст парвозҳо ба Машҳад ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа анҷом шаванд.

Ёдрас мешавем, дар пайи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон ва баста шудани фазои ҳавоии Ҷумҳурии Исломӣ, парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикии “Somon Air” ва эронии “Varesh Airline” аз Душанбе ба Теҳрону Машҳад ва баръакс лағв шуда буданд.

Гуфта мешуд, ки шаҳрвандони Эрон, ки наметавонанд ба ватан баргарданд, метавонанд раводиди Туркманистонро гиранд ва тавассути роҳи заминии ин кишвар вориди Эрон шаванд.

Ҳамчунин интизор мерафт, ки аз Душанбе ба Ашқобод як парвози чартерӣ анҷом дода шавад.

Ба гуфтаи ширкат, рӯзи шанбеи гузашта, 28-уми июн парвози чартерӣ бо 103 шаҳрванди Эрон ба Ашқобод ташкил шуд ва мусофирон тавассути роҳи заминӣ вориди Эрон шуданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам тавассути роҳҳои заминӣ аз тариқи Ашқобод ва Боку ба Тоҷикистон баргаштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.