Дар Тоҷикистон ду суҳбатгоҳи буддоӣ аз асри 7-8 кашф шудааст

Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ – суҳбатгоҳҳои буддоӣ кашф ва таҳқиқ шудааст, ки ба асрҳои 7-8 мелодӣ нисбат дода мешаванд. Ин кор аз сӯи мутахассисони Оҷонсии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон анҷом шудааст. Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, яке аз ин ёдгориҳои тозакашфи бостонӣ 3 метр паҳноӣ ва 9 метр дарозӣ ва дигараш 3 […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ – суҳбатгоҳҳои буддоӣ кашф ва таҳқиқ шудааст, ки ба асрҳои 7-8 мелодӣ нисбат дода мешаванд. Ин кор аз сӯи мутахассисони Оҷонсии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон анҷом шудааст.

Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, яке аз ин ёдгориҳои тозакашфи бостонӣ 3 метр паҳноӣ ва 9 метр дарозӣ ва дигараш 3 метр паҳноӣ ва 6 метр дарозӣ дорад.

Манбаъ гуфтааст, ки ин ёдгориҳо бо усули меъмории миллӣ, яъне гумбазӣ сохта шудаанд.

Ёдгориҳои мазкур ҳангоми азнавбақдгирии ёдгориҳои таърихиву фарҳангии мамлакат барои таҳияи Феҳристи давлатӣ дар таҳрири нав кашф ва таҳқиқ гардида, кор дар ин замина идома дорад.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио