Рақобатҳо барои унвон дар Ҳисору Тошканд. Кӣ дар “CAFA Nations Cup-2025” қаҳрамон мешавад?

Аз 29 август то 8 сентябр Осиёи Марказӣ боз ба майдони рақобатҳои шадиди футбол табдил меёбад – дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусобиқаи Ҷоми Миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ё худ "CAFA Nations Cup-2025" баргузор мешавад. Дар қуръапартоӣ ҳайати гурӯҳҳо муайян карда шуд. “Азия-Плюс” имкони дастаҳоро барои ғалаба баррасиву таҳлил кард.   Гурӯҳи B: истиқболи гарму […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Аз 29 август то 8 сентябр Осиёи Марказӣ боз ба майдони рақобатҳои шадиди футбол табдил меёбад – дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусобиқаи Ҷоми Миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ё худ "CAFA Nations Cup-2025" баргузор мешавад. Дар қуръапартоӣ ҳайати гурӯҳҳо муайян карда шуд. “Азия-Плюс” имкони дастаҳоро барои ғалаба баррасиву таҳлил кард.

 

Гурӯҳи B: истиқболи гарму самимӣ дар Ҳисор

Мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Эрону Афғонистон ва Малайзия бозӣ мекунад. Ҳамаи вохӯриҳо дар ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд. Бозии аввал бо Малайзия (29 август) калидӣ хоҳад буд, зеро бовар ба худ ва интихоби усули бозӣ дар идомаи мусобиқа ба он вобаста аст.

Сипас футболбозони тоҷик бо тими Афғонистон (1 сентябр) ва дар даври охири гурӯҳӣ бо Эрон (4 сентябр) бозӣ мекунанд, ки ба гумони ғолиб, ин рақобат ҳалкунанда мешавад.

Зеро тими Эрон яқинан бо ҳайати асосиаш намеояд ва ин ба соҳибони майдон имкон медиҳад, ки аз дастгири мухлисон ба хубӣ истифода баранд. Бо назардошти ҳолати тими Тоҷикистон дар вохӯриҳои охир, роҳ ёфтан ба бозии финалии мусобиқа ҳадафи комилан воқеист.

 

Гурӯҳи A: афзалият ба Ӯзбекистон

Дар Тошканд соҳибони майдон – Ӯзбекистон, инчунин Қирғизистон, Туркманистон ва тими даъватшудаи Уммон бозӣ мекунанд. Аз рӯйи ҳайат ва радабандии ҷорӣ, ғолибият маҳз ба Ӯзбекистон дода мешавад.

Уммон метавонад мушкилот эҷод созад, лекин бозии устувори соҳибони майдон ва боз дар ватани худ, онҳоро довталаби асосӣ ҷиҳати роҳ ёфтан  ба бозии финалӣ мегардонад.

Ба ин тариқ, довталабони асосии дарёфи унвони қаҳрамонӣ дар ин мусобиқа ба назари мо, Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Эрон арзёбӣ мешаванд.

CAFA Nations Cup 2025 метавонад мусобиқаи  шавқовартарин ва шадидтарин дар таърих шавад. Финал байни дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бошад, метавонад ба классикои ҳақиқии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёбад.

 

"CAFA Nations Cup"

Гурӯҳи «А». Ӯзбекистон (соҳиби майдон), Қирғизистон, Туркманистон, Уммон.

Гурӯҳи «В». Тоҷикистон (соҳиби майдон), Эрон, Афғонистон, Малайзия.

Даври 1-ум. 29 август (ҷумъа). Тоҷикистон – Малайзия. Эрон – Афғонистон.

Даври 2-юм. 1 сентябр (душанбе). Афғонистон – Тоҷикистон. Малайзия – Эрон.

Даври 3-юм. 4 сентябр (панҷшанбе). Тоҷикистон – Эрон. Афғонистон – Малайзия.

8 сентябр. Финал (Тошканд): ғолиби гурӯҳи А – ғолиби гурӯҳи B. Бозӣ барои ҷойи 3-юм (Душанбе): ҷойи дуюм дар гурӯҳи А – ҷойи дуюм дар гурӯҳи B.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.