Пешсаф шуд. Чин бори аввал ба шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт

Гардиши молу маҳсулоти дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чин дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ ба 964 млн доллар расид, ки тақрибан аз се як ҳисса зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Аз ҷумла, содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 177 млн доллар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Гардиши молу маҳсулоти дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чин дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ ба 964 млн доллар расид, ки тақрибан аз се як ҳисса зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Аз ҷумла, содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 177 млн доллар сурат гирифта, воридоти он аз Чин ба Тоҷикистон ҳудуди 787 млн долларо ташкил дод.

Ҳиссаи гардиши молу маҳсулот бо Чин дар ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон ба 24,8% расида, бори аввал аз ҳиссаи Русия (23,2%) зиёд шуд. Қобили зикр аст, ки тайи 25 соли ахир Русия мунтазам дар зинаи аввал миёни шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон қарор дошт.

Ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Русия дар зарфи 5 моҳи соли равон ҳудуди 900 млн долларро ташкил додааст. Аз ҷумла, аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 42 млн доллар ва аз Русия ба Тоҷикистон – ба маблағи 858 млн доллар молу маҳсулот интиқол ёфтааст. Афзоиши гардиши мол байни ду кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 – 9,3%-ро ташкил додааст.

Дар солҳои 90-уми асри гузашта пас аз ба соҳибистиқлолӣ расидани Тоҷикистон шарики асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ Ӯзбекистон маҳсуб меёфт. Савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, масалан дар соли 1995 ба 250 млн доллар баробар буд, ки 2 баробар зиёдтар дар муқоиса бо ҳамаи дигар кишварҳои ИДМ дар умум буд.

Аз охири солҳои 1990-ум баъди ба сардӣ гароидани муносибатҳо байни кишварҳо, ҳаҷми гардиши мол тадриҷан коҳиш ёфта, дар соли 2014 то 13 млн доллар поин рафт.

Бо сари мансаб омадани президенти амалкунандаи Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муносибатҳо байни кишварҳо рӯ ба беҳбудӣ оварда, ҳаҷми гардиши мол тадриҷан ба болоравӣи оғоз намуд. Танҳо дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 238 млн долларро ташкил дод.

Ёдрас мекунем, ки Чин ҳанӯз дар соли 2017 аз лиҳози сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аз Русия пеш гузашт. То ин вақт Русия сармоягузори асосии ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии саромоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ҳаҷми сармоягузориҳои андӯхтаи Чин дар иқтисоди ҷумҳурӣ то аввали семоҳаи дуюми имсол 5,1 млрд долларро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми сармоягузориҳои андӯхтаи Русия дар иқтисоди Тоҷикистон то аввали соли ҷорӣ ба ҳудуди 2 млрд доллар баробар аст.

Чин кайҳост, ки устуворона мавқеи қарздиҳандаи асосии Тоҷикистонро касб кардааст. Қарзи Тоҷикистон ба Чин то аввали соли ҷорӣ ҳудуди 1 млрд долларро ташкил медиҳад, ки ин ба сеяки қарзи хориҷии Тоҷикистон баробар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер