Боз як талоши эҷоди маҳдудият. Дар Русия мехоҳанд, муҳоҷирон ба ватан аз маошашон бештар пул нафиристанд

Вакилони Думаи давлатии Русия пешниҳод кардаанд, ки барои муҳоҷирон ба ватан фиристодани пули беш аз маошашон манъ карда шавад. Ин пешниҳодро вакилон аз ҳизби “Одамони нав” таҳия ва ба Бонки марказии Русия ироа кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки қонуни феълии Русия раванди муассири назорат ба ҳаҷми пули интиқоли муҳоҷирон ва ба даромади расмии онҳо мувофиқат кардану […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Вакилони Думаи давлатии Русия пешниҳод кардаанд, ки барои муҳоҷирон ба ватан фиристодани пули беш аз маошашон манъ карда шавад. Ин пешниҳодро вакилон аз ҳизби “Одамони нав” таҳия ва ба Бонки марказии Русия ироа кардаанд.

Онҳо гуфтаанд, ки қонуни феълии Русия раванди муассири назорат ба ҳаҷми пули интиқоли муҳоҷирон ва ба даромади расмии онҳо мувофиқат кардану накардани онро пешбинӣ намекунад.

Вакилони рус иддаъо кардаанд, ки набудани назорати қонунӣ дар ин самт шароитро барои қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ, гурез аз пардохти андоз ва баровардани сармояи Русия ба хориҷ фароҳам меорад.

Ғайр аз ин, онҳо пешниҳод кардаанд, ки муҳоҷирон ҳангоми аз маошашон бештар равон кардани пул дар мавриди қонуни будани он маълумотнома пешниҳод кунанд.

Илова бар ин, вакилон гуфтаанд, бояд назорати амалиётҳои молиявии муҳоҷирон сахттар шуда, ҳамкории бонкҳо барои ошкор ва пешгирии раванди муомилоти шубҳанок тақвият ёбад.

Ин аввалин кӯшиши назорати пули муҳоҷирон дар Русия нест. Ду сол пеш Сергей Миронов, роҳбари ҳизби "Справедливая Россия – За правду” (Русияи одилона – барои ҳақиқат) пешниҳод карда буд, ки барои интиқоли пули муҳоҷирон дар ҳаҷми 1% комиссияи давлатӣ ҷорӣ карда шавад.

“Муҳоҷирони корӣ бо интиқоли маблағ ба кишварҳои дигар ба заиф шудани иқтидори иқтисодии Русия мусоидат мекунанд”, – чунин шарҳ дода буд пешниҳоди худро Миронов.

Гузашта аз ин, пули бо рубли русӣ фиристодаи муҳоҷирони тоҷик дар ватанашон низ назорат ва танҳо бо пули миллӣ дода мешавад. Қурби онро бонкҳо муайян мекунанд ва муҳоҷир ҳақ надорад рубли фиристодаашро бидуни табодули худкор ба даст гирад.

Ёдовар мешавем, ки муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон солҳои охир ба фишор ва маҳдудиятҳои зиёд дар Русия дучор мешаванд.

Ин фишорҳо махсусан, баъди ҳамла ба “Крокуси Сити Ҳол”, ки ҳамчун гумонбар дар он чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, бештар шуд. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Аз ҷумла, ки дар чор моҳи аввали соли 2025, 19 ҳазор муҳоҷир аз Русия ихроҷ шудаанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд.

Дар пайи ин мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Вале тавре дида мешавад, ҳоло муваффақ нашудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.