Муҳоҷирон ба ватан баргашта, ҳарчи бештар рӯ ба тиҷорат меоранд. Фишор, табъиз ва маҳдудиятҳо дар Русия боис шудаанд, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба роҳандозии тиҷорати худ дар зодгоҳ рӯ оранд. Онҳо мегӯянд, раванди муҳоҷирситезӣ дар Русия ва душвориҳои ғарибӣ такон додааст, то дар ватан барои худ кор эҷод кунанд.
Қиссаи ду тан аз муҳоҷиронеро, ки муддате дар Русия кор кардаву ба ватан баргаштаанд ва бо эҷоди ҷойи кор имрӯз муваффақ шудаанд, дар навори зерин бубинед:


