Яке аз муассисаҳои таълимии қадимаи Душанбе – мактаби №1-ро тахриб мекунанд

Яке аз муассисаҳои таълимии қадимаи шаҳри Душанбе – мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 тахриб гардида, ба ҷойи он мактаби нави муосир сохта мешавад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” мудири мактаби мазкур Шавкат Ҳусейнзода хабар дод, хонандагон ва омӯзгорони мактаб муваққатан ба дигар муассисаҳои таълимии пойтахт гузаронида мешаванд. Ба гуфтаи мудир, мактаб мддати зиёда аз 90 сол […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Яке аз муассисаҳои таълимии қадимаи шаҳри Душанбе – мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 тахриб гардида, ба ҷойи он мактаби нави муосир сохта мешавад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” мудири мактаби мазкур Шавкат Ҳусейнзода хабар дод, хонандагон ва омӯзгорони мактаб муваққатан ба дигар муассисаҳои таълимии пойтахт гузаронида мешаванд.

Ба гуфтаи мудир, мактаб мддати зиёда аз 90 сол аст, ки фаъолият дорад. Ӯ намедонад, ки тарҳи мактаби нав чӣ гуна аст. Танҳо зикр крад, ки дар ҷойи бинои кӯҳна муассисаи таълимии муосир бо шароити хубу бароҳат барои толибилмон қомат меафрозад.

“Мо ҳозир барои кӯчидан ба дигар мактабҳое, ки бароямон пешниҳод намуданд, оғоз кардем. Оҳиста-оҳиста мебел ва ҳуҷҷатҳоро ҷамъоварӣ карда истодаем”, – гуфт ӯ.

Ҳусейнзода зикр кард, ки дар мактаби №1 ҳудуди 1800 нафар таҳсил мекарданд, ки 1000 нафарашон аз мавзеъҳои гирду атрофи муассиса буданд. Ин хонандагон ба мактабҳои №53 ва №6 гузаронида шудаанд. Хонадагоне, ки аз мавзеҳои гирду атрофи мактаб нестанд, дар муассисаҳои таълимии наздикии хонаҳояшон таҳсил мекунанд.

Ӯ илова намуд, ки хонандагони синфҳои болоӣ ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова, ки дар ноҳия Исмоили Сомонӣ (мавзеи наздикии бозори “Меҳргон”) воқеъ аст, гузаронида мешаванд.

Хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6 воқеъ дар ҳамон мавзеъ бо суроғаи кӯчаи Шотемур, 77 гузаронида мешаванд.

Боқимонда 800 нафар хонандагон дар мактабҳои наздикии ноҳияҳои худашон таҳсил хоҳанд кард. Пас аз анҷоми сохтмони бинои нави мактаб, онҳо метавонанд ба муассиса баргарданд.

Ҳамчунин Ҳусейнзода изҳор дошт, ки айни замон мактаб танҳо ҳуҷҷатҳои хонандагони синфи 1-умро қабул мекунад.

Дар Раёсати маорифи Душанбе низ тахриби мактабро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки бинои нави мактаб моҳи сентябри соли оянда ба истифода дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки қарори тахриби макатаби мазкур аз ҷониби шаҳрдории пойтахт ҳанӯз соли 2023 қабул шуда буд.

Мактаби №1 дарҳои худро 92 сол пеш боз намуда буд

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Душанбе (он замон ин рақамро дошт) ба номи Сергей Киров яке аз аввалинҳо дар Душанбе бо мақсади маҳви бесаводӣ миёни аҳолӣ пас аз таъсиси ҶШС Тоҷикистон сохта шуд.

Бинои мактаб дар кӯчаи Свириденко (ҳоло – Бухоро) аз рӯи лоиҳаи меъмори маъруфи шӯравб Пётр Ваулин қомат афрохт.

Пас аз ҷорӣ шудани таҳсили ҷудогонаи писарону духтарон дар соли 1943, он ба мактаби мардонаи №1 табдил ёфт. То ин дам бошад, замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз соли 1941 то соли 1943 дар бинои мактаб беморхона (эвакогоспитал) ҷойгир буд, ки дар он ҷанговарони маъюбро табобат мекарданд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки чанде пеш дар Душанбе корҳои тахриби мактаби №20-и ба номи Пушкин оғоз шуд. Дар ҷойи он мактаби нави чорошёна бо ошхона, китобхонаи электронӣ, майдони варзишии калон ва толори варзишӣ сохта мешавад. Нимпайкараи шоири рус Пушкин, ки дар ҳавлии мактаб воқеъ буд, ба ҷойи дигар кӯчонида мешавад. Хонандагони муассиса муваққатан ба мактаби №55 гузаронида шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио