ЧОРАБИНИҲОИ 24 ИЮЛ
– Имрӯз дар идораву донишгоҳҳои зерин нишасти матбуотӣ доир мегардад: Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ (соати 09:00), Ҳукумати ноҳияи Сино (14:00), Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (соати 08:00) ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия.
– Имрӯз дар ҳошияи сафари давлатии раисҷумҳури Муғулистон ба Тоҷикитсон соати 14:00 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency дар Душанбе Форуми иқтисодии Тоҷикистону Муғулистон баргузор мешавад. Дар доираи сафари раисҷумҳури Муғулистон намояндагони тақрибан 60 ширкати бонуфузи ин кишвар низ ба Тоҷикистон меоянд. Дар Форуми мазкур сармоягузорони ду кишвар ва намояндагони мақомоти марбута ширкат варзида, мулоқот анҷом медиҳанд.
– Имрӯз, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи фарҳангии ҳунармандони Муғулистон доир мегардад. Интизор меравад, ки қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ дар саҳни бинои театр ҳунарҳои мардумии Муғулистон ба намоиш гузошта шавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 24 ИЮЛ
Соли 2012 – Дар Хоруғ амалиёти махсуси безараргардонии гурӯҳи мусаллаҳ оғоз ёфт. Алоқаи мобилӣ ва интернет қатъ гардид. Тибқи иттилои расмӣ, дар ин амалиёт 42 нафар ҷон бохтанд.
Соли 2010 – Дар Душанбе байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки АвруОсиёии рушд дар бораи ҷудо намудани қарзи молиявӣ аз ҳисоби фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди АвруОсиё бо маблағи 70 миллион доллари амрикоӣ созишнома ба имзо расид.
Соли 2012 – Тоҷикистон ҳамаи гузаргоҳҳои марзии худ бо Афғонистонро дар ВМКБ баст.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1955 – Мавлуди Раҳимҷон Ҳасанов, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор.
Соли 1957 – Мавлуди Носирҷон Маҳмудов, ахтаршиноси тоҷик, олим.
Соли 1944 – Зодрӯзи Ҷамолиддин Каримзода, шоири тоҷик.
Соли 1957 – Зодрӯзи Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон.
Соли 2008 – Ҳоҷибой Тоҷибоев, ҳаҷвнигори маъруф, Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар синни 54 аз олам даргузашт.
Ҳоҷибой Тоҷибоев 25-уми августи 1955 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба дунё омадааст. Соли 1978 Донишкадаи театри рассомии Тошкандро хатм кард ва ба Тоҷикистон баргашт. Чанд муддат дар театрҳои ба номи Шукур Бурҳонов ва Камоли Хуҷандӣ фаъолият кард.
Сипас, ба театри давлатии вилояти Андиҷони Ӯзбекистон ба кор рафт. Ӯ бо забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ҳунарнамоӣ мекард.
Ҳаҷвнигор дар чанд филми “Ӯзбекфилм” ва намоишномаҳои телевизионӣ нақшҳои мазҳакавӣ бозидааст.
Ӯ 24-уми июли соли 2008 дар синни 54 аз олам чашм пӯшид ва дар зодгоҳаш ба хок супорида шуд.
Соли 1974 – Тилло Пӯлодӣ, шоири тоҷик дар 62-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 2021 – Сайидалӣ Маъмур, шоир ва тарҷумони тоҷик дар синни 76 аз олам чашм баст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
24-уми июли соли 1938 истеҳсоли қаҳваи ҳалшаванда ба таври оммавӣ оғоз ёфт. Аммо таърихи пайдоиши он хеле барвақт будааст. Соли 1901 Сатори Като, кимиёшиноси ҷопонӣ дар шаҳри Чикаго нахустин технологияи истеҳсоли қаҳваи ҳалшавандаро ихтироъ кард.
Соли 1906 бошад Вашингтон, кимиёшиноси англис, ки дар Гватемала мезист, аввалин маротиба истеҳсоли қаҳваи ҳалшавандаро ба роҳ монд. Соли 1909 қаҳваи бренди “Red E Coffee” ба бозор ворид шуд ва барои сарбозони артиши Амрико дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ пешниҳод мегардид.
Бо вуҷуди ин, сифати он қаҳва чандон баланд набуд ва дар байни мардум маҳбубият пайдо накард. Танҳо солҳои 1930 дар натиҷаи ҳамкории ширкати Nestlé бо истеҳсолкунандагони қаҳваи Бразилия, истеҳсоли босифати қаҳваи ҳалшаванда ба роҳ монда шуд.
24-уми июли соли 1790 дар шаҳраки Барботан (дар ҷанубу ғарби Фаронса) як ҷирми кайҳонӣ (метеорид) ба замин афтод. Ин падида расман сабт шуда, ба Академияи илмҳои Фаронса гузориш дода шуд.
Бо вуҷуди ин, олимон он замон ба ин ҳодиса шубҳа карданд ва онро “хурофот” донистанд. Танҳо баъди “борони сангин” дар шаҳраки Эгле дарсоли 1803, ки боиси резиши сангҳо аз осмон гардид, олимон маҷбур шуданд воқеияти суқути ҷирмҳои осмониро эътироф намоянд.
Имрӯз метеоритҳоро пораҳои астероидҳо ва кометаҳо мешуморанд ва ба онҳо аз рӯйи ҷойи пайдоиш ном дода мешавад.
Метеорити Тунгус, Челябинск, Холбрук аз метероидҳои маъруфтарин дониста мешаванд.
Ҳамчунин, ҳамасола 24-уми июл Рӯзи байналмилалии нигоҳубини худ (Self-care Day) ҷашн гирифта мешавад. Он аз ҷониби созмони вижае соли 2011 таъсис ёфтааст, ки ҳадафаш баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи аҳамияти нигоҳубини шахсӣ ва саломатии инсон мебошад.
“Ҳар шахс худ масъули саломатии хеш аст” шиори асосии ин рӯз мебошад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 24 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 26+31º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 23+28º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 30+32º гарм, рӯзона 37+42º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 16+21º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 18+23º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 37+39º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 19+24º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 39+41º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 24+26º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 32+34º гарм.


