Суқути ҳавопаймо бо 48 мусофир дар Амур. Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Русия номаи таслият ирсол кард

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Амури Русия, ки бар асари он чанд нафар ҳалок шуданд, ба президенти Владимир Путин, президенти ин кишвар барқияи тасаллӣ ирсол намуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мешавад, ки “хабари фоҷеаи ба ҳалокат расидани мусофирон дар натиҷаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Амур боиси андӯҳи амиқи мо гардид”.

“Таъзияву таслияи самимии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор менамоем”, – изҳори ҳамдардӣ мешавад дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24 июл ҳавопаймои Ан-24-и ширкати ҳавопаймоии “Ангара”, ки аз Хабаровск ба Тинда тариқи Благовешенск парвоз мекард, ба садама дучор шуд. Тибқи иттилои расонаҳо, ҳавопаймо ҳангоми нишастан ба майдони ҳавоӣ суқут кардааст.

Бино ба маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия, бар асари суқути ҳавопаймо ҳамаи 48 нафар одами дохили он – 42 мусофир ва 6 корманди ҳайати идоракунии ҳавопаймо ба ҳалокат расидаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...