Маълум нест, ки дурбинҳои “Шаҳри бехатар” дар Хуҷанд кай ба кор медароянд

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дурбинҳои низоми “Шаҳри бехатар” дар шаҳри Хуҷанд, ки гуфта мешуд, моҳи апрели соли равон ба кор медароянд, то ҳол пурра насб нашуда, ба кор оғоз накардаанд.

Набизода Ҷамшед, муовини раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки то ҳол танҳо 50% корҳои лоиҳа ба анҷом расида, ҳоло маълум нест, ки ин низом кай ба фаъолият оғоз мекунад.

Ин дар ҳолест, ки 6 моҳ пеш, моҳи январи соли равон Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳр гуфта буд 90% корҳои лоиҳавии ин низом ба анҷом раисда, он “моҳи аперли соли равон ба кор медарояд”

Набизода Ҷамшед субҳи имрӯз, 28-уми июл сабаби ба таъхир афтодани кори низоми “Шаҳри бехатар”-ро ба калон будани масоҳати шаҳри Хуҷанд рабт дод.

Ӯ гуфт, “дар кори лоиҳаи “Шаҳри бехатар” ҳам нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд ва ҳам васеъшавии кӯчаҳои шаҳр ба назар гирифта шудааст”.

Фирдавс Шарифзода рӯзи 28-уми январи соли равон дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ин тарҳ бо маблағи 20 млн доллари ИМА аз сӯи як ширкати чинӣ амалӣ шуда, моҳи апрел пурра ба кор медарояд.

Шарифзода дар нишасти матбуотии имрӯза ҳузур надошт. Масъулин гуфтанд, раис “дар сафари корӣ” аст.

Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз татбиқи “Шаҳри бехатар” назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад.

Моҳи майи соли 2023 Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Ли Ян, муовини директори ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон тадбиқи “Шаҳри бехатар” дар шаҳри Хуҷандро баррасӣ карда буданд.

Ҳоло чунин низом аз соли 2013 дар шаҳри Душанбе ва аз соли 2023 дар шаҳри Хоруғ амал мекунад.

Ҳамасола, ба воситаи “Шаҳри бехатар” қоидавайронкуниву қонуншиканиҳои зиёд ошкор мешавад. Аз ҳисоби қонуншикниҳо ҳамасола миллионҳо сомонӣ ба буҷет ворид мешавад. Бархе ронандагон аз ҳолатҳои фасод низ дар кори ин низоми назоратӣ шикоят мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...