Марги раҳбари пешини ҷамъияти тоҷикон дар Уфа дар боздоштгоҳе дар Русия

Абдураҳмон Раҳимов, раҳбари пешини ҷамъияти тоҷикони шаҳри Уфаи Русия, дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) даргузаштааст. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар медиҳанд. Ба иттилои расонаҳо, ҳоли Раҳимов пас аз оббозӣ дар ҳамом бад шуда, баъдан ба ҳалокат расидааст. Рӯзи марги ӯ маълум нест, вале табибони рус гуфтаанд, ки дар бадани Раҳимов осори зарб мушоҳида нашуда, "маргаш табиӣ аст". […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Абдураҳмон Раҳимов, раҳбари пешини ҷамъияти тоҷикони шаҳри Уфаи Русия, дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) даргузаштааст. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар медиҳанд.

Ба иттилои расонаҳо, ҳоли Раҳимов пас аз оббозӣ дар ҳамом бад шуда, баъдан ба ҳалокат расидааст. Рӯзи марги ӯ маълум нест, вале табибони рус гуфтаанд, ки дар бадани Раҳимов осори зарб мушоҳида нашуда, "маргаш табиӣ аст". Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ғайрииимкон аст. 

Абдураҳмон Раҳимов моҳи июни соли ҷорӣ бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ба 13 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуда буд.

Қазияи ӯ ба фаъолиятҳояш дар бозори Затонскии Уфа, ки ӯ дар солҳои 2000-ум дар таъсиси он саҳм дошт, рабт мегирад.

Ба гуфтаи манобеи расонаҳо, “Раҳимов ва шариконаш аз тоҷирон бо роҳи тамаъҷӯӣ пул меситонданд. Онҳо ба тоҷирон қарз дода, фоизи онро зикр намекардаанд ва вақти талаб маблағи бештар мехостаанд”.

Аммо Абдураҳмон Раҳимов ин иттиҳомро рад кардааст ва гуфта мешавад, ки вакили дифои ӯ аз болои ҳукм ба Додгоҳи олии Бошқирдистон шикоят бурдааст.

Хабари марги собиқ роҳбари диаспораи тоҷикони шаҳри Уфаро то ҳол мақомоти Русия расман тасдиқ ё рад накарда, ҷузъиёти онро ҳам нагуфтаанд.

Назари пайвандони Абдураҳмон Раҳимов дар ин бора дастрас нест.

Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирони тоҷик ва аъзоёни диаспораи тоҷикон шубҳа доранд, ки марги ӯ табиӣ бошад.

Дар гузашта ҳолатҳои зиёди марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз сабаби ҳамлаҳои нажодпарастӣ, садамаҳои корӣ ё бад шудани саломатӣ дар шароити бади зист ва кор бидуни кумаки тиббии муносиб ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳаводисе ҳам расонаӣ шуда буд, ки муҳоҷирони тоҷик дар боздошт бар асари латукӯби полиси Русия фавтидаанд. Аз ҷумла, муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик Фаррух Урозов бар асари дастикам 75 зарбаи афсарони пулиси шаҳри Солнечногорск ба ҳалокат расидааст.

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва расонаҳо борҳо дар бораи шиканҷа ва марги афроди боздоштшуда дар маҳбасҳои Русия гузориш додаанд, ки баъзеи онҳо аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ буданд. Сабабҳои марг аксаран "худкушӣ" ё "мушкилоти саломатӣ" эълон мешаванд, аммо наздикон ва фаъолон ба ин далелҳо шубҳа доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио