spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Аз аввали сол нархи нон дар Тоҷикистон 50% боло рафта, вазнаш ҳам камтар шудааст

Аз оғози сол дар Тоҷикистон нони маъмулие, ки аз бозорҳо мехарем ва буханкаи хлеб дар муқоиса бо аввали соли тақрибан 50% қимат шуд. Дар Душанбе нони маъмулии вазнаш 250 грамм имрӯз дар бозорҳо бо нархи 3 сомонӣ ва дар супермаркетҳо – 4 сомонӣ фурӯхта мешавад. Аввали сол онҳо 2-3 сомонӣ нарх доштанд.

Чаро нон қимат мешавад?

Гароншавии маснуоти нониро соҳибкорон ба арзиши баланди орд ва ангишт нисбат медиҳанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Тоҷикистон болоравии нархи орд идома дорад

Барои нонҳои маъмулӣ меъёр вуҷуд надорад, лекин онҳоро аксаран аз 250-300 грамм хамир мепазанд.

Имрӯз нонвойҳо барои ин хел нонҳо 250 грамм хамир сарф карда, баъди пухтан вазни онҳо на бештар аз 230 грамм мешавад.

Вобаста ба навъ 1 кило ордро метавон бо нархи 7,2-7,6 сомонӣ харидорӣ намуд.

Нархи гандуме, ки 1 килояш аввали сол 3-3,5 сомонӣ буд, имрӯз ба 4,5-5 сомонӣ расидааст.

Қобили зикр аст, ки нархи орд дар Тоҷикистон аз соли 2015 ҳамасола дар ҳудуди 0,4 сомонӣ боло меравад. Дар соли 2015 як халта орди навъи 1-ум 160 сомонӣ арзиш дошт, дар соли 2016 он то ба 170 сомонӣ, соли 2017 – то ба 180 сомонӣ, соли 2018 ва аввали соли 2019 – то ба 190 сомонӣ ва дар соли 2020 – то ба 210 сомонӣ боло рафт.

Ҷаҳиши якбораи нарх дар соли 2021 ба вуқӯъ пайваст – як халта орди навъи якум, ки барои пухтани кулчаву нон ва буханкаи хлеб истифода мешавад, 280 сомониро ташкил дода, имрӯз нархи миёнаи он ба 380 сомонӣ расидааст.

Ғайр аз ин, имрӯз бинобар сабаби гаронии нархи барқ, нонвойхонаҳо ба истифодаи ангишт гузаштаанд. Аксарият ангишти қирғизиро истифода мебаранд, ки тайи панҷ моҳи аввали соли 2022 арзиши он аз 1 сомониву 80 дирам то ба 3 сомонӣ зиёд шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нонҳои маъмулии бозориро дар танӯрҳо мепазанд

Нарх як хел боқӣ монда, лекин вазнашро кам мекунанд

Барои нигаҳдории нархи қобили қабул баъзе нонвойхонаҳо ба кам кардани вазни нон шурӯъ кардаанд: агар пештар аз як халта орди 50-килоӣ 250 дона нон мепухтанд, пас ҳозир – 300 дона мепазанд.

Дар ҳамин ҳол, нарх барои 1 нонро соҳибкорон иваз накарданд – 2,5 – 3 сомонӣ. Дар акси ҳол, арзиши онро маҷбур буданд, ки то 4-5 сомонӣ зиёд кунанд.

Барои корхонаҳои давлатии истеҳсоли маснуоти нонӣ меъёрҳо вуҷуд доранд, ки вобаста ба номгӯй 1 дона нони бозор ё буханкаи хлеб бояд аз 0,4 то 1 кило вазн дошта бошанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Хоҳ бовар кунед хоҳ не. Орд дар Суғд арзон шудааст: то 10-20 сомонӣ

Аммо дар мағозаҳо нон (хлеб) ва батонҳоро на аз рӯи ГОСТ, балки тибқи меъёрҳои корхона тайёр мекунанд ва онҳо аз 0,3 то 0,8 кило вазн дошта, ҳозир 4 сомонӣ ва болотар аз он нарх доранд.

Нонҳои бандубастшуда (дар селофанҳо) дар мағозаҳо тақрибан 200-250 грамм вазн ва 4 сомонӣ нарх доранд. Агар вазни нон зиёдтар бошад,  масалан 300 грамм, табиист, ки нархаш ҳам болотар – 6 сомонӣ аст.

Моликони нонвойхонаҳо мегӯянд, аз 50 кило орд ҳадди ақал 75 кило хамир ҳосил мешавад, зеро обу дигар омехтаҳо илова мешавад. Сипас хамирро ба 250 қисми 300-граммӣ тақсим мекунанд. Бо назардошти буғ шудани об, нони тайёр 250-270 грамм вазн хоҳад дошт.

Барои кам кардани арзиши аслии он ва арзон фурӯхтани он нонвойҳо ҳозир на 300 грамм, балки 220-250 грамм хамир гирифта, нархи пешинаро нигоҳ медоранд, лекин вазни нон камтар мешавад.

Барои пухтани хлеб ба ҷуз аз орд, хамиртуруш, намак, кунҷид ва дигар омехтаҳо истифода шуда, дар нони маъмулии бозор (нони нонвойӣ) равған ва шир истифода намебаранд. Барои ҳамин арзиши аслии буханкаи хлеб зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, имрӯз як буханка хлеби вазнаш 400 грамм 3,5 сомонӣ нарх дорад, дар ҳоле ки моҳи январ 2,80 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Аммо дар асл имрӯз нархи онҳо 6 сомонӣ буда, дар аввали сол ба 4 сомонӣ баробар буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...