Табдили рақамии Тоҷикистон: портали ehukumat.tj ва ҳуши маснӯӣ бо забони тоҷикӣ

Чанде пеш дар IT-Park Dushanbe нишасти матбуотии Агентии инноватсияҳо ва технологияҳои рақамии назди президенти Тоҷикистон баргузор шуд. Директори Агентӣ Хуршед Файзуллозода дар бораи дастовардҳои калидии табдили рақамии кишвар маълумот дода, ба саволҳои рӯзноманигорон посух гуфт. Яке аз муаррифҳои асосӣ оғози кори мукаммали портали ehukumat.tj буд, ки он платформаи ягонаи рақамӣ барои пешниҳоди ариза, дарёфти маълумотномаҳо […]

Asia-Plus

Чанде пеш дар IT-Park Dushanbe нишасти матбуотии Агентии инноватсияҳо ва технологияҳои рақамии назди президенти Тоҷикистон баргузор шуд. Директори Агентӣ Хуршед Файзуллозода дар бораи дастовардҳои калидии табдили рақамии кишвар маълумот дода, ба саволҳои рӯзноманигорон посух гуфт.

Яке аз муаррифҳои асосӣ оғози кори мукаммали портали ehukumat.tj буд, ки он платформаи ягонаи рақамӣ барои пешниҳоди ариза, дарёфти маълумотномаҳо (справкаҳо) ва амалу робитаи мутақобила бо сохторҳои давлатӣ аст.

Аз замони роҳандозии версияи санҷишӣ дар моҳи марти соли 2025 зиёда аз 1,5 млн нафар аз портал боздид намуда, шумори муроҷиатҳо барои дарёфти хидматрасониҳои давлатӣ тариқи онлайн зиёда аз 280 ҳазорро ташкил дод.  

ehukumat.tj чист?

Ин платформаи давлатии онлайн аст, ки бо ёрии он шаҳрвандон ва намояндагони тиҷорат метавонанд дар шакли элекронӣ хидматрасониҳо дарёфт намоянд: анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо, пешниҳоди аризаву дархост, пайгирии ҷараёни баррасии онҳо ва мустақиман муроҷиат намудан ба мақомоти давлатӣ.

Айни замон 20 хидматрасонии давлатии электронӣ дар портал дастрас буда, то охири сол теъдоди онҳо ба зиёда аз 50 адад мерасад.

Хидматрасониҳо тибқи категорияҳо тасниф шудаанд: нақлиёт, маориф, амволи ғайиманқул, Хоҷагии манзилию коммуналӣ, маълумотномаҳо, гумрук ва ғайра. Аллакай ҳозир метавон имзои электронӣ гирифт ва барои идораи автомашина ё иҷоза барои сохтмон ваколатнома ба расмият даровард.

Дар ҳоли ҳозир 45 ташкилоту муассисаи давлатӣ, аз ҷумла вазорату идора, агентиву кумитаҳо ва шаҳрдорӣ ба платформа пайваст шудаанд.

Ҳуши маснӯии Bonoor

Дар нишасти матбуотӣ ба масъалаи рушди низомҳои ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ) низ  таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Намояндагони Агентӣ зикр карданд, ки дастгоҳҳои хидматрасониҳои байнулмилалиии ҳуши маснӯӣ, аз ҷумла ChatGPT ҳоло ба таври бояду шояд аз уҳдаи иҷрои корҳои марбут ба забони тоҷикӣ намебароянд.

Дар ин робита таҳти унвони Bonoor ҳуши маснӯии ватанӣ таҳия шудааст, ки барои фаҳмишу дарк ва коркарди нутқи тоҷикӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Дар ин чорабинӣ кори Bonoor нишон дода шуд: ба он бо забони тоҷикӣ саволҳо пешниҳод гардида, дастгоҳ посухҳои фаҳмо ва дақиқ дод ва инчунин сатҳи баланди мутобиқаташ ва махсусиятҳои забон аён гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?