Дар Тоҷикистон зиёда аз ним миллион тонна гандум ҷамъоварӣ шуд

Аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосил дар Тоҷикистон зиёда 500 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шуд. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ то 25 июли соли 2025, ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона дар майдони ҳудуди 164 ҳазор гектар анҷом дода шудааст. Имсол майдони умумии кишти гандум 197 ҳазору 825 гектар ва ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна аз 1 гектар 34,4 […]

Аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосил дар Тоҷикистон зиёда 500 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шуд. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ то 25 июли соли 2025, ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона дар майдони ҳудуди 164 ҳазор гектар анҷом дода шудааст.

Имсол майдони умумии кишти гандум 197 ҳазору 825 гектар ва ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна аз 1 гектар 34,4 сентнерро ташкил дод. Дар ҷамъоварии ҳосил 1078 комбайн истифода шудааст.

Ҳаҷми умумии ҳосили ҳамаи зироати ғалладона ҳудуди 670 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ аз 1 гектар ба ҳисоби миёна то 30,4 сентнер расид (то 1 июли соли 2024 дар Тоҷикистон зиёда аз 685 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шуда буд).

Се соли наздик дар бахши кишоварзии Тоҷикистон афзоиши устувори истеҳсоли зироати ғалладона дар назар аст. Мувофиқи пешгӯиҳо, аз соли 2026 то 2028 ҳаҷми истеҳсол ҳамасола ба ҳисоби миёна 2,5% зиёд мешавад. Чунин афзоиш бо васеъ кардани заминҳои кишт, ҷорисозии технологияҳои муосири кишоварзӣ ва аз ҷониби давлат дастгирӣ шудани хоҷагиҳо таъмин мегардад. Соли 2026 ҷамъоварии 1,919 млн тонна, соли 2027 – 1,967 ва соли 2028 – 2,016 млн тонна ҳосили зироати ғалладона ба нақша гирифта шудааст.

Ба гандум ҳамчун зироати аз лиҳози стратегӣ муҳим таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. Истеҳсоли он бо суръати баландтар афзоиш меёбад. Дар соли 2026 ҳосили 930 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст, ки 2,7% зиёдтар нисбат ба соли пешин аст. Соли 2027 аз ҳосили 957 ҳазор тонна (+2,9%)  ва дар соли 2028 – 986 ҳазор тонна (+3,1%) интизорӣ меравад.

Афзоиши муътадили талабот ва коркарди дохилӣ

Сарфи назар аз афзоиши истеҳсоли гандум дар дохили кишвар, талаботаш ҳам дар ҷумҳурӣ нисбат ба пешниҳод зиёд аст. Ин вобастагии зиёд ба интиқол аз хориҷи кишварро нигоҳ дошта, ба афзоиши ҳаҷми воридот мусоидат менамояд.

Дар соли 2026 воридоти 1,156 млн тонна (5,7% зиёдтар нисбат ба соли пешин) дар назар буда, соли 2027 воридот ба 1,227 млн тонна (+6,1%) ва соли 2028 – ба 1,308 млн тонна (+6,6%) мерасад. Чунин афзоиш ба зиёдшавии рӯзафзуни истеъмоли гандум, бахусус дар саноати хӯрокворӣ ва рӯзгори мардум марбут дониста мешавад, ки воридоти мунтазами онро аз хориҷа талаб мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дар воридоти орди гандум тамоюли баръакс ба мушоҳида мерасад. Дар пасманзари рушди коркради дохилӣ ва тавсеъаи иқтидори соҳаи истеҳсоли орд, талабот ба воридоти орди тайёр коҳиш меёбад. Соли 2026 ҳаҷми воридот 59 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод, ки 7% камтар нисбат ба соли пешин аст. Соли 2027 аз поинравии  ҳаҷми воридот то 56 ҳазор тонна (–5,6%) ва дар соли 2028 – то 51 ҳазор тонна (–9,1%) интизорӣ меравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.