Нашрияи амрикоии Foreign Policy бо такя ба манбаъҳои маҳаллияш дар вилояти Бомиёни Афғонистон навиштааст, ки волии "Толибон" дар ин вилоят Мулло Абдуллоҳ Сарҳадӣ "ба ғорати осори бостонӣ дар соҳаи бутҳои бомиён сару кор дорад".
Мулло Сарҳадӣ аз нафаронест, ки дар соли 2001 бо дастури Мулло Умар бунёдгузор ва роҳбари пешини "Толибон" дар тахриб ва бомбгузории бутҳои Бомиён даст дошт.
Манбаъҳои нашрияи амрикоӣ гуфтаанд, ки Мулло Сарҳадӣ осори арзишманд, аз ҷумла ҷавоҳироти тиллоиеро мекобад, ки дар маҷмуаи "Тиллотеппа" ба намоиш гузошта шудаанд.
Осори "Тиллотеппа" дар солҳои 1977-78 аз сӯйи бостоншиносони Афғонистуон Шӯравӣ дар шимоли Афғонистон кашф шудаанд, ки қидмат (ба давра)-и онҳо ба 2 ҳазор сол мерасад.
Дар гузашта, дар солҳои навадуми асри гузашта, кормандони Осорхонаи миллии Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз ғорат ва тахриби осори "Тиллотепа" дар замони ҷангҳои муҷоҳиддин ва ҳукумати аввали "Толибон" онро дар Арги раёсатҷумҳурӣ пинҳон карда буданд, ки баъдан бори аввал дар соли 2004 ба намоиш гузошта шуданд.
Манбаъҳои маҳаллӣ гуфтаанд ки "Сарҳадӣ коргарони ғайриафғонро барои ҷустуҷӯ ва ғорати осори бостонӣ ба Бомиён овардааст".
Пештар ҳам, моҳномаи инглисзабони "Рӯзномаи ҳунар" моҳи феврал дар гузорише хабар дода буд, ки ду минтақаи бостонии атрофи бутҳои тахрибшудаи Бомиён, аз ҷумла бархе ғорҳо, аз сӯйи як гуруҳи ношинос кофтуков шудаанд.
Foreign Policy навиштааст, ки мақомоти "Толибон" ба Сарҳадӣ дастур додаанд, ки кофтукови худро бас кунад. Аммо як корманди собиқи созмони фарҳангии ЮНЕСКО гуфтааст, ки "Толибон" ганҷинаҳо ва осори таърихии зиёди марбут ба Бомиёнро дуздӣ карда ва дар бозори сиёҳ фурӯхтаанд.
Дараи Бомиён аз сӯйи ЮНЕСКО ҳамчун як минтақаи дар маърази хатар ва як мероси ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шудааст. Ин созмон аз "Толибон" ҳамеша хостааст, ки ин минтақаро нигоҳубин кунанд.
Дар соли 2001 "Толибон" дар ҳукумати аввали худ ду бути аслии Бомиёнро таркониданд, ки мавриди вокунишҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт.