Ҳудуди 30 корманди ВКД барои “фарбеҳӣ” аз кор озод шудаанд

Давоми соли гузашта ҳудуди 30 корманди мақомоти корҳои дохилӣ “бинобар сабаби гаронвазнӣ” ё фарбеҳӣ аз кор ронда шуда, баъди кам кардани вазн танҳо 13 нафари онҳо дубора ба кор баргаштанд. Ин нуктаро Ҳусейн Халилзода, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД дирӯз, 7-уми август зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт. Ӯ гуфт, ки дар […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Давоми соли гузашта ҳудуди 30 корманди мақомоти корҳои дохилӣ “бинобар сабаби гаронвазнӣ” ё фарбеҳӣ аз кор ронда шуда, баъди кам кардани вазн танҳо 13 нафари онҳо дубора ба кор баргаштанд.

Ин нуктаро Ҳусейн Халилзода, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД дирӯз, 7-уми август зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт. Ӯ гуфт, ки дар соли 2024-ум тақрибан 20 ҳазор корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз ташхиси вазн гузаронида шудаанд.

“Дар ин миён бинобар сабаби зиёд будани вазн беш аз 26 нафар аз кор дар мақомот озод карда шуда, ба онҳо муҳлат низ дода шуд, ки дар ҳолати ба меъёри муайян мувофиқ кардани вазни худ боз ба мақомоти корҳои дохилӣ ба кор гирифта мешаванд. Дар давоми як сол зиёда аз 13 нафар ба меъёрҳо ҷавобгӯ шуда, ба мақомоти корҳои дохилӣ баргардонида шуданд”,-  гуфт  Халилзода.

 

Афсаре, ки барои фарбеҳӣ аз корронда шуда буд, то ҳол ба кор  барнагаштааст

Яке аз нафарони барканоршуда барои вазни зиёдатӣ, Барзу Бобоев, собиқ корманди Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД аст, ки қаблан дар як муроҷиат гуфта буд “бо сабаби гаронвазнӣ аз кор ронда шудааст” ва аз раисҷумҳур хоҳиш намуда буд, барои барқарор шудан ба кораш мусоидат кунад.

Ӯ дирӯз, 7-уми август дар як сӯҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, то ҳол ба кораш барқарор нашудааст ва мунтазири даъвати масъулин мебошад.

Нусратулло  Маҳмадзода, сухангӯи ВКД  ҳам гуфт, замоне, ки номбурда ба вазни муқараршуда баргардад ва ба талаботи низомнома мувофиқ бошад бо кор таъмин мегардад.

Қаблан Барзу Бобоев гуфта буд, ки баъди нашри навор танҳо як маротиба ӯро ба Раёсати ВКД дар пойтахт даъват карда, баъди санҷиши қаду вазн гуфтаанд, ки боз 6 – 10 кг вазн кам кунад.

Номбурда он замон гуфта буд, ки 105 кг вазн дорад, ва вақти аз кор рондан 125 кг вазн дошт.

Қаблан, Нусратулло Маҳмадзода, дар шарҳи даъвои Барзу Бобоев таъкид карда буд, ки тибқи муқаррароти дар ВКД қабулшуда “қади милитсияи мард бояд аз 168 сантиметр ва милитсияи зан аз 160 сантиметр боло бошад. Вазнашон низ бояд ба баландии қадашон мувофиқат кунад ва шиками бузург низ надошта бошанд”.

Бояд гуфт, ки нахустин ҳолатҳои баркаронии кормандони мақомоти корҳои дохила бинобар гаронвазнӣ охири моҳи январи соли 2017 баъди як фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сабт шуда буд.

Баъдтар чандин корманди милитсия бо сабаби фарбеҳӣ аз кор сабукдӯш гардида, ба қавли сухангӯи ВКД, бархе “мутахассисони хубу ботаҷриба” баъди коҳиши вазн дубора ба кор қабул шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.