Сӯхтор дар меҳмонхонаи “Эҳсон”. Мақомот сабаби сухторро шарҳ доданд

Date:

Шаби гузашта дар меҳмонхонаи “Эҳсон”-и шаҳри Хуҷанд сухтор сар задааст, ки ба иттилои расмӣ, сабаби он “расиши кутоҳи сими барқ”будааст.

Фаррух Юсуфӣ, сардори идораи сухторнишонии шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, сухтор дар даромадгоҳи меҳмонхонаи “Эҳсон” рух дода, ҳаҷми сухтор ҳамагӣ 1,5 метри мураббаъро ташкил додаааст.

“Сабаби зуд оташ гирифтан, масолеҳи сохтмонии зудоташгиранда – “алкафон” мебошад. Сухтор дар даромадгоҳи толор (зал) сар задааст. Сухторнишонон дар муддати кутоҳ алангаи оташро хомуш намуда, тавонистаанд молу маҳсулот дар ҳаҷми 2 млн. сомониро эмин нигоҳ доранд”, – гуфт Фаррух Юсуфӣ.

Ин масъулини идораи оташнишонӣ гуфт, ба меҳмонхона осеби ҷиддӣ нарасидааст, чунки оташ ба ҳуҷраҳо нарафта хомуш карда шудааст. 

Навори сӯхтор, ки гуфта мешуд, дар меҳмонхонаи "Эҳсон" аст, шоми дирӯз, 17-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва нигаронии корбаронро ба миён овард.

Ҳамасола дар кишвар садҳо ҳодисаи нохӯши сухтор рух медиҳад, ки дар натиҷаи он чанд нафар ба ҳалокат расида, молу ашёи зиёди мардум ба коми оташ меравад. Мақомот аксаран сабаби сӯхторро расиши сим ё аз беэҳтиётии худи сокинон унвон мекунанд.

Тибҷи иттилои ВКД, дар 6 моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон 564 сӯхтор сар задааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024 (497 ҳодиса) 33 ҳолат бештар будааст. 

Дар пайи ин сӯхторҳо 14 нафар ҷон бохта 87 нафар аз коми оташ наҷот ёфтаанд. Зарари расида аз сӯхторҳои ним соли гузашта 15 миллиону 662 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...