Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз кори додрасҳо интиқод кард

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дирӯз, 19-уми август дар мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт аз кори додрасҳо интиқод карда гуфтааст, онҳо дар баррасии парвандаҳо ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд. Ӯ таъкид кардааст, нисбати додрасҳое, ки ба амалҳои ғайриқонунӣ даст зада шаъну эътибори додрасро паст мезананд, чораандешӣ карда шавад. Дар ин бора хабаргузории Ховар бо истинод […]

Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дирӯз, 19-уми август дар мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт аз кори додрасҳо интиқод карда гуфтааст, онҳо дар баррасии парвандаҳо ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд. Ӯ таъкид кардааст, нисбати додрасҳое, ки ба амалҳои ғайриқонунӣ даст зада шаъну эътибори додрасро паст мезананд, чораандешӣ карда шавад.

Дар ин бора хабаргузории Ховар бо истинод ба шуъбаи иттилооти шаҳрдории Душанбе иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои расмӣ, Рустами Эмомалӣ зикр кардааст, ки “ин ҳолат боиси норозигии шаҳрвандон мегардад ва бояд пеши роҳи ин амалҳо ҳарчи зудтар гирифта шавад”.

“Ҳамчунин таъкид гардид, ки нисбат ба судяҳое, ки ба амалҳои ғайриқонунӣ роҳ медиҳанд ва шаъну эътибори судяро паст мезананд, чораандешӣ карда шавад”,-омадааст дар хабари расмӣ.

Аммо дар хусуси ба кадом амалҳои ғайриқонунӣ даст задани додрасҳо, маълумоти мушаххас дода нашудааст.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ, истифодаи дурусти маблағҳои буҷетӣ ва чораандешӣ ҷиҳати беҳтар кардани фаъолияти сохторҳои дахлдор баррасӣ шудаанд.

Ба навиштаи манбаъ, нахуст Мизробшоҳ Абдураҳмонзода, додситони шаҳри Душанбе вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ ҳисобот додааст.

Рустами Эмомалӣ ба додситони пойтахт ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, пешгирии ғасби ғайриқонунӣ замин, сохтмонҳои худсарона ва ташкили санҷишҳои беасос супориш додааст.

Дар идома, шаҳрдори  пойтахт баъди шунидани ҳисоботи Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастур додааст, ки дар самти таъмини амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо фаъол бошанд.

“Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои сар задани сӯхтор ва ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт корҳоро ҷоннок намуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд”,-навиштааст манбаъ.

Рустами Эмомалӣ инчунин аз зиёд шудани теъдоди нафароне, ки таълимоти ғайриқонунии динӣ мегиранд, изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст беш аз 80 фоизи таълимгирандагон ҷавонони то 30-сола будаанд.

Дар ин асос ба Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе супориш додааст, ки ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии таблиғи фарҳанги бегона чораандешӣ кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷаласа ҳисоботи сардори Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар шаҳри Душанбе низ шунида шудааст. Таъкид шудааст, ки ин ниҳод ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиши сатҳи фасод дар ҷомеа фаъолиятро ҷоннок кунад.

Инчунин роҳбарони Раёсати минтақавии гумрукӣ, Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, Раёсати КҲФ ва  Комиссариати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти ин ниҳодҳо ҳисобот додаанд.

Рустами Эмомалӣ дар охир ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт супориш додааст, ки барои пешгирии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, “барои тоза кардани сафи кормандони сохторҳо аз кадрҳои тасодуфӣ” чораандешӣ кунанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.