Аз 1 сентябр шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе зиёд мешавад

Дар Душанбе шуруъ аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ шумори нақлиёти ҷамъиятӣ- автобус, трелейбус ва микроавтобусҳо (маршруткаҳо) 20% зиёд карда мешаванд, хабар доданд аз корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” ба “Азия-Плюс”. Аз ин ниҳод гуфтанд, ин тасмим ҳамасола дар арафаи соли нави хониш гирифта мешавад, чунки теъдоди мусофирон бо омадани хонандагону донишҷӯён ба таври назаррас зиёд мешавад. Ба иттилои манбаъ, […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Душанбе шуруъ аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ шумори нақлиёти ҷамъиятӣ- автобус, трелейбус ва микроавтобусҳо (маршруткаҳо) 20% зиёд карда мешаванд, хабар доданд аз корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” ба “Азия-Плюс”.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ин тасмим ҳамасола дар арафаи соли нави хониш гирифта мешавад, чунки теъдоди мусофирон бо омадани хонандагону донишҷӯён ба таври назаррас зиёд мешавад.

Ба иттилои манбаъ, бо оғози соли нави хониш дар роҳҳои пойтахт нақлиёти ҷамъиятӣ ба чунин меъёр зиёд мешаванд:

– 380 автобус, ба ҷои 308 адади ҳозира;

– 65 троллейбус ба ҷои 41 адади ҳозира;

– 1100 микроавтобусҳо (маршруткаҳо) ба ҷои 950 адади ҳозира.

Аз ин ниҳод гуфтанд, микроавтобусҳои нав дар хатсайрҳое, ки теъдоди мусофирон бештар аст, бароварда мешавад.

Ҳамчунин, ба хотири таъмири роҳҳои марказӣ айни ҳол равуои тролейбуси хатсайри рақами 1 боздошта шудааст.

Манбаъ гуфт, ки шумори таксиҳо тибқи квотаи ҷудошуда, ки 12 ҳазорро ташкил медиҳад, то ҳол пурра нашудааст.

“Ҳоло 10 ҳазору 500 адад таксӣ дар ҳудуди пойтахт ба кирокашӣ машғул мебошанд. Шумори таксиҳо дар моҳи сентябр то 500 адади дигар зиёд карда мешавад”-гуфтанд аз “Душанбенақлиётхадамотрасон”.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳоло дар хатсайрҳои пойтахт 60 автобуси барқӣ ва 6 микроавтобуси барқӣ фаъолият мекунанд. Нақша доранд, ки то охири сол шумори автобусҳои барқӣ ба 90 адад расонида шавад.

Бояд гуфт, ки сокинони Душанбе солҳост аз норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ дар баъзе хатсайрҳо нигаронӣ мекунанд. Ҳамасола бо оғози соли нави хониш ва фаро расидани фасли сармо вазъи мавҷуда боз ҳам мушкилтар мешавад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.