Дар Тоҷикистон ахиран филми ҳунарии “Блогер” ба навор бардошта шуд. Нахустнамоиши филми “Блогер” рӯзи 23-юми август дар Душанбе баргузор мешавад. Мо бо коргардони филм Зариф Зарифов мусоҳиба оростем ва аз муҳтавои филму интизориҳояш пурсон шудем.
– Чӣ ба Шумо ангеза дод, ки ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ кунед?
– Дар ҷомеа падидаи аҷиберо мушоҳида кардам: ҳар чӣ бештар одам худро дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳолати бадном намоиш диҳад, ҳамон қадар зудтар машҳур мешавад. Пештар одамон бидуни хоҳиши худ мавриди масхара қарор мегирифтанд, ҳоло қасдан кореро мекунанд, то масхара шаванд. Ва боиси таассуф аст, ки ғолибан чунин блогерони масхарабоз дар бораи мардуми Осиёи Марказӣ дар олами маҷозии интернет тасаввуроти нодуруст офаридаанд. Ҳол он ки байни блогерҳо инсонҳои боақл ва эҷодкор низ ҳастанд, ки мехостам онҳоро низ дар пардаи синамо намоиш диҳам.
– Филмномаро дар чанд муддат навиштед ва барои навиштани он аз ҳаводиси рухдода истифода кардед? Оё филмнома асоси воқеӣ дорад?
– Барои қисми навбатии силсилафилми “Экран” дар ҷустуҷӯи идеяи нав будем, ки чунин овозаҳо ба гӯшамон расид: "Фалонӣ аз кор рафтааст, то блогер шавад”. Ин мавзӯъ таваҷҷӯҳи моро ҷалб кард.
Зиндагиномаи се блогери воқеиро омӯхтем – рафтору кирдори онҳоро таҳлил кардем ва дар симои як қаҳрамон муттаҳид сохтем. Ҳатто баъзе порчаҳои наворҳояшонро дар филм истифода бурдем.
Барои навиштани филмнома тақрибан ним сол вақт сарф шуд.
– Силсилафилми “Экран” ба кадом мавзӯъҳо тамаркуз мекунад ва филми “Блогер” чӣ гуна ин мавзӯъҳоро такмил медиҳад ва идома мебахшад?
– “Экран” силсилафилмест дар бораи таъсири технологияҳои рақамӣ ба ҷомеаи Тоҷикистон. Ин чӣ оқибат дорад? Чӣ гуна одамонро тағйир медиҳанд? Ҳар ҷо ки технологияи рақамӣ по мегузорад, одамон аз якдигар дур мешаванд. Он чизе ки филмҳои амрикоӣ 25 сол пеш намоиш дода буданд, имрӯз барои мо воқеият шудааст. Ҳар қисми силсилафилми “Экран" мавзӯъ ва қаҳрамонони ҷудогона дорад, аммо дунёи ботинии қаҳрамон яктост. “Блогер” ҳам яке аз занҷираҳои силсилафилми “Экран” мебошад.
– Раванди интихоби ҳунарпешагон чӣ гуна буд?
– Марҳилаи интихоби қаҳрамон хеле душвор буд. Ду маротиба қаҳрамони асосиро иваз кардем, зеро вориди образ намешуд. Ва ниҳоят шахси лозимӣ дар назди мо буда аст – ҳунарпеша Сулаймон Табаров. Боз ҳангоми интихоби ҳунарпешаи нақши дуюм низ чунин ҳолат шуд. Тасодуфан бо Парвиз Ашӯров вохӯрдем ва ӯро ба нақши дуюми марказӣ интихоб кардем. Нақши ҳамсари қаҳрамонро пардозгари киногурӯҳ Манижа Холова иҷро намуд. Дар натиҷа як дастаи хуби ҳунармандон ташкил шуд.
– Ҳамкории Шумо бо ҳунармандони машҳур, ба монанди Қурбон Собир ва Лутфулло Давлатзода чӣ гуна буд?
– Бозии актёрони мактаби кӯҳна ҳамеша фарқ мекунад. Бо онҳо кор кардан хеле хуш аст. Вақте ҳатто дар саҳнаи кӯтоҳ ҳам як ситораи синамо пайдо мешавад, саҳнаро зебо ва диданӣ мекунад. Ин лаҳзаи филм ҳамоно рангин ва ҷолиб мешавад.
Бароям ифтихори бузург буд, ки бо устодоне чун Қурбон Собир, Лутфулло Давлатзода, Заррина Хушвахтова, Манучеҳр Ҳабибов, Аҳлиддини Ҳасанзод ва Некқадам Шоназаров ҳамкорӣ доштам. Некқадам нақши хосае дорад – ӯ ҳамаи қисмҳои силсилафилми “Экран”-ро ба ҳам мепайвандад. Дар ҳар як қисм ҳаст.
– Фарқи ҳаёти воқеӣ ва маҷозии блогерон дар филм таҷассум ёфтааст. Бо ин кор ба бинанда чӣ паём доред?
– Бисёриҳо танҳо он чизеро мебинанд, ки дар шабакаҳо намоиш медиҳанд: даромади зиёд, зиндагии ширин, маъруфият. Аммо дар аксар ҳолат ҳамаи ин сунъист. Паси он меҳнати зиёд пинҳон аст. Қаҳрамони мо бо воқеият рӯбарӯ мешавад. Тасаввуроташ мешиканад ва ба дасти қаллобе меафтад, ки зиндагиашро дигар мекунад.
– Блогерони ҳақиқиро чаро ба филм даъват кардед?
– Аз рӯйи филмнома қаҳрамонҳо бояд дар ҷашни блогерҳо ширкат мекарданд. Аввал мо мехостем ҳунармандон нақши блогерҳоро бозанд. Вале баъд фикр кардем: агар дар филми “Блогер” танҳо одамони бадро нишон диҳем, ин ба ҳамаи блогерҳо бадномӣ меорад. Дар байни блогерҳо соҳибистеъдодҳо ҳам ҳастанд.
Блогерҳо на танҳо дар филм иштирок карданд, балки андешаҳояшонро нисбати мушкилиҳои мавҷудаи соҳаашон баён намуданд. Мо ба онҳо имкон додем, ки фикри худро дар яке аз саҳнаҳои филм гӯянд.
– Тамошобин чаро бояд филми “Блогер”-ро бинад?
– Ин филм на танҳо мазҳака барои хандаву масхарабозӣ аст, балки дар бораи интихоби оқилонаи тарзи зиндагист. Кори осон вуҷуд надорад ва на ҳар кас метавонад шахсе шавад, ки мехоҳад. Филм ғизои маънавӣ медиҳад, бахусус ба ҷавонон баҳри дуруст андеша ва интихоб кардани касб.
– Барои ҷавононе, ки орзуи блогер шудан доранд, ин филм чӣ паём дорад?
– Агар шумо истеъдод, услуби ҷолиб ва тавони ирсоли паёми хубе доред, марҳабо – кӯшиш кунед ва блогер шавед. Аммо агар муваффақ нашавед, набояд сари худро ба девор занед: шояд роҳи шумо дигар бошад ва агар инро саривақт фаҳмед, беҳуда умри худро сарф намекунед.
– Дар вақти таҳияи филм мушкилоти молиявӣ доштед?
– Дар шароити феълӣ таҳияи як филми хубу ҳирфаӣ маблағ зиёд мехоҳад. Тоҷирони имрӯзаро фаҳмидан мумкин, онҳо самараи фаъолияти воқеиро дидан мехоҳанд. Дар кишвари мо кам филм ба навор мегиранд, бархе ҳаваскор ҳастанд. Аксари филмҳои бардоштаи ҳаваскорон ҳам сифати хуб надорад.
Ҳамчунин, мардум ба кинотеатрҳо кам меравад. Имрӯз бо филмсозӣ маблағ ба даст овардан душвор аст. Мо эҷодкорони “Довфилм” тасмим гирифтем, ки фазои таҳияи филмҳои касбиро пурра намоем ва ба тамошобин санъати асили синамои миллиро намоиш диҳем, то мардум сараро аз носара фарқ кунад.
Умедворам, ки дар оянда вазъ беҳ мешавад. Агар чанд филми хуб пайдо шавад, одамон нисбат ба синамои мо дигар гуна нигоҳ мекунанд. Он вақт тоҷирон хоҳанд фаҳмид, ки дар ин соҳа пул ҳаст ва он соҳаи ояндадор аст.
– Шумо маблағи заруриро пайдо карда тавонистед?
– Мо ба якборагӣ натавонистем маблағи лозимаро ҷамъ кунем. Ҳар рӯз 18 соат кор мекардем. Ба иллати кампулӣ ҳатто яке аз нақшҳои марказии филмро дар миёни наворбардорӣ иваз кардем. Марҳилаи тадвину садогузориро ҳам сангин ба анҷом расонидем. Аммо то охир лоиҳаро анҷом додем.
Хушбахтии тими киностудияи “Довфилм” дар он аст, ки бачаҳои содиқу таҷрибадору ошиқи синамо ҷамъ омадаанд ва мо ҳама мушкиливу роҳатии синаморо китф ба китф бо сари баланд пушти сар мекунем. Мо медонем, ки чӣ мехоҳем ва мақсадамон чист. Мо медонем, ки кори мо барои ояндаи синамои миллӣ ва иделогияи кишварамон муҳим аст. Ҳамин мақсад дар ҳама хастагиҳову номуваффақиятҳо моро қувват медиҳад.
– Мақсади Шумо дар таҳияи филми “Блогер” то куҷо бароварда шуд?
– Албатта, он чизе ки мо тасаввур мекардем, бо натиҷаи охирин фарқ дорад. Аммо мо тамоми кӯшишро кардем, то филм ба мардум писанд ояд.
– Дар оянда дар бораи ҷомеа ва падидаҳои муосир боз чӣ филмҳо ба навор гирифтан мехоҳед?
– Силсилафилми “Экран”-ро идома медиҳем. Дар нақшаи мо банаворгирии 10 қисм аст. Ҳар қисм ба ҳамдигар пайвандӣ дорад ва як мушкили мубрами ҷомеаро рӯнамоӣ мекунад. Бигзор ин ба ҳаводорони синамои миллӣ тӯҳфаи ғофилгир бошад.
Ҳамзамон, ба ҳамаи сарпарастони филмҳои гурӯҳи эҷодии мо самимона изҳори сипос менамоям. Барои сарпарастон дастгирӣ кардани синамо имрӯз он қадар манфиатовар нест, вале онҳо барои тарбият кардани насли наврас ва таблағи идеологияи миллӣ дар пушти синамогарон меистанд. Барои ҳамин мо аз он нафарони бедору ватандоре, ки барои сохта шудани филмҳои хуб дар бари мо истодаанд, миннатдор ҳастем.
Ҳар филм идеологияи ин ё он давлатро тарғиб мекунад ва имрӯз ҳамватанони мо зиёд ба филмҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳ доранд. Барои миллати мо синамои миллӣ басо зарур аст, аз ин рӯ, мо талош дорем, ки бо ҳамватанонамон наздик шавем, филмҳоеро ба навор гирем, ки ба дарди ҷомеаи мо бихӯрад ва барои рафъи як мушкил заминагузор бошад.
Барои ин, мо аз ҳамватанонамон фақат як хоста дорем: дар бари мо бошанд. Биёед “Блогер”-ро тамошо кунед ва назаратонро дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ иброз намоед. Ба ин роҳ Шумо низ дар рушди синамои миллӣ саҳмгузор мешавед.


