Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Хазинаи Қатар дар масоили рушд вохӯрд

Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ, раҳбари Хазинаи Қатар дар масоили рушд ва як ҳайати бонкҳои қатарӣ баргузор шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар ин дидор, ки имрӯз сурат гирифтааст, “масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Қатар ва ниҳодҳои иқтисодию […]

Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ, раҳбари Хазинаи Қатар дар масоили рушд ва як ҳайати бонкҳои қатарӣ баргузор шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин дидор, ки имрӯз сурат гирифтааст, “масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Қатар ва ниҳодҳои иқтисодию бонкии он” муҳокима гардидааст.

“Зимни мулоқот андешаҳо ва пешниҳодҳои ҷолиб доир ба роҳҳои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории барои ҳарду ҷониб судманд дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифт, – гуфта мешавад дар хабари расмӣ.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “мо Қатарро яке аз кишварҳои бонуфузи ҷаҳони араб ва шарики муҳимми худ медонем”.

Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ таъкид кардааст, ки дар самти ҷалби сармояи Қатар ба Тоҷикистон имконияти бузург мавҷуд аст ва “кишвари мо ният дорад, ки ҳамкориро дар Осиёи Марказӣ, алалхусус бо Тоҷикистон вусъат диҳад”.

“Ҳамин аст, ки бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 миллион доллар созишнома имзо менамоем, ки ин маблағҳо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» равона хоҳанд шуд”, — гуфтааст Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ.

Бояд гуфт, Қатар яке аз кишварҳои арабӣ аст, ки дар Тоҷикистон сармоягузориҳо кардааст. Аз ҷумла, калонтарин масҷиди Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо маблағгузории ин кишвар бунёд гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.