Дар нерӯгоҳи “Роғун” аввалин робот-кафшергар ба кор оғоз кард

Дар корҳои сохтмону насби Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон ба истифодаи роботи махсус барои кафшергарӣ оғоз намуданд. Ба иттилои шабакаи Телеграми Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, татбиқи технологияҳои муосир, аз ҷумла истифодаи роботи кафшергар, имкон медиҳад, ки раванди иҷрои корҳои муҳандисиву сохтмонӣ бо суръат, дақиқ ва сатҳи баландтари бехатарӣ амалӣ гарданд. Ба ақидаи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар корҳои сохтмону насби Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон ба истифодаи роботи махсус барои кафшергарӣ оғоз намуданд.

Ба иттилои шабакаи Телеграми Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, татбиқи технологияҳои муосир, аз ҷумла истифодаи роботи кафшергар, имкон медиҳад, ки раванди иҷрои корҳои муҳандисиву сохтмонӣ бо суръат, дақиқ ва сатҳи баландтари бехатарӣ амалӣ гарданд.

Ба ақидаи мутахассисон, истифодаи чунин таҷҳизоти инноватсионӣ қадами муҳиме дар самти ворид намудани таҷрибаи ҷаҳонӣ ба сохтмони бузургтарин иншооти энергетикии минтақа ба ҳисоб меравад.

Робот-кафшергар ба иҷрои маҷмӯи васеи корҳо оид ба фулузот (металл) қодир буда, мустаҳкамӣ ва дақиқии пайвастҳоро таъмин мекунад. Ғайр аз ин, истифодаи он хавфу хатарҳо барои коргаронро кам мекунад, зеро дар қитъаҳои хатарашон бештар аз техника истифода мешавад.

Дар Вазорати энергетика зикр мекунанд, ки ин ба сиёсати таҷдиди равандҳои сохтмон дар НБО “Роғун” ва ҷорисозии технологияҳо, ки дар иншооти бузурги ҷаҳон истифода мешаванд, мутобиқ аст.

Сарфи назар аз ҷорисозии таҷҳизоти инноватсионӣ дар НБО "Роғун", талабот ба мутахассисони ҳирфаӣ боқӣ мемонад. То моҳи августи соли 2025 шуъбаи кадрҳои ҶСК “НБО Роғун” ба пешниҳоди ҷойҳои корӣ дар сохттмон идома медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио