“Хато ва тӯҳмат карданд”. Иттиҳоми фасодкорӣ алайҳи сардори идораи замини Шаҳристон

Роҳбари идораи замин дар вилояти Суғд мегӯяд, ду зердасташ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Деваштич даст ба ҷиноят задаанд. Аммо яке аз муттаҳамон мегӯяд, ки дар ҳаққаш “хато ва тӯҳмат шудааст". Тоҳирҷон Толибзода, сардори идораи замин дар вилояти Суғд оғози моҳи ҷорӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, давоми шаш моҳи соли 2025 ду корманди идораҳои замин дар […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Роҳбари идораи замин дар вилояти Суғд мегӯяд, ду зердасташ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Деваштич даст ба ҷиноят задаанд. Аммо яке аз муттаҳамон мегӯяд, ки дар ҳаққаш “хато ва тӯҳмат шудааст".

Тоҳирҷон Толибзода, сардори идораи замин дар вилояти Суғд оғози моҳи ҷорӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, давоми шаш моҳи соли 2025 ду корманди идораҳои замин дар вилоят даст ба ҷиноят задаанд.

“Инҳо сардори идораи замин дар ноҳияи Шаҳристон ва як масъули идораи замин дар ноҳияи Деваштич мебошанд”, – гуфт Толибзода.

Аммо ӯ мушаххас нагуфт, ки ин ду корманди идораҳои замин дар вилоят чӣ ҷиноят содир кардаанд.

Шокирҷон Қаробоев, сардори идораи замин дар ноҳияи Шаҳристон иттиҳоми фасодкорӣ алайҳашро тасдиқ кард, аммо шарҳи бештар надод. Ӯ зимни як тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт, “хато ва туҳмат карданд”. Аммо нагуфт, ки чӣ хато шудааст ва кӣ тӯҳмат кардааст.

 

Дар ҳамин ҳол, Зариф Атозода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳристон, ҳам зикр кард, ки “тибқи маълумоти мо ҳам нисбати ӯ (Шокирҷон Қаробоев дар назар аст) парванда боз кардаанд, аммо бо кадом модда, мо ҳам намедонем”.

“То ҳол ба мо тариқи хаттӣ ягон маълумот наомадааст. Шунидем, ки ин ҳолат рух додааст. Ӯро (Шокирҷон Қаробоев дар назар аст) ба ҳукумат даъват мекунем, аммо бо баҳонаи “ман дар идораи зиддин коррупсия” ҳозир намешавад”, – гуфт Атозода.

Аммо ҳам Зариф Атозода ва ҳам Раҳмон Мавлонқулзода, муовини якуми раиси ноҳияи Шаҳристон тасдиқ карданд, ки сардори идораи замин дар ноҳия ба кори худ идома медиҳад.

Тибқи иттилои Сафар Салимзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, ки зимни нишасти ахири матбуотӣ ироа кард, дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 11 корманди идораҳои замин дар шаҳру навоҳии вилоят 10 ҷиноят содир шудааст.

Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотии ахир зикр кард, ки дар шаш моҳи охир, дар робита ба фаъолияти кормандони идораҳои замин дар вилоят 190 парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд ва ҳамчунин, 1853 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.

Бояд зикр кард, ки Оҷонсии зиддифасод дар нишасти ахири матбуотӣ бахши идораи замин дар кишварро яке бахшҳое гуфта буд, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ зиёд сабт шудааст. Ин ниҳод теъдоди ҷиноятҳои дар ин бахш ошкоршударо 58 адад гуфта буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.