“Поёни қиссаро бе оби чашм хондан имкон надорад”. Абдулҳамид Самад сарнавишти талхи Пӯлод Толисро навиштааст

Китоби нави Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон бо номи “Шамъе афрӯзандаи чароғҳо” аз чоп баромад. Ин қиссаи мустанад, ки ба ҳаёт ва фаъолияти нависандаи маъруфи ҷавонмарг Пӯлод Толис бахшида шудааст, бо теъдоди 1000 нусха дастраси хонандагон гардид. Муаллиф дар сарсухан навиштааст, ки барои таълифи ин асар аз рӯзномаҳои шахсии Толис ва ёддоштҳои дӯстону пайвандони ӯ […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Китоби нави Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон бо номи “Шамъе афрӯзандаи чароғҳо” аз чоп баромад. Ин қиссаи мустанад, ки ба ҳаёт ва фаъолияти нависандаи маъруфи ҷавонмарг Пӯлод Толис бахшида шудааст, бо теъдоди 1000 нусха дастраси хонандагон гардид.

Муаллиф дар сарсухан навиштааст, ки барои таълифи ин асар аз рӯзномаҳои шахсии Толис ва ёддоштҳои дӯстону пайвандони ӯ истифода бурдааст.

Абдулҳамид Самад дар пешгуфтори китоб сабаби навиштани онро чунин шарҳ медиҳад: “Нияти иншои ин қиссаи мустанадро солҳо дар дил доштам, вале пурсиши сарипоии сухангӯйи шинохтаи ТВ ва радио дар дилам онро боз ангехт”.

Ба гуфтаи ӯ, ин журналисти миёнаумр ҳатто зодгоҳи Толисро намедонист, аз ин рӯ, Абдулҳамид Самад дарк кард, ки бояд шахсият ва роҳи эҷодии ин нависандаи бузургро, ки “симои дурахшони тозакорӣ ва дигарсозии маърифатии насри муосири тоҷик” аст, ба хонандагон шиносонд.

 

Академик Носирҷон Салимӣ, ки нахустин шуда ин китобро мутолиа кардааст, онро “ҷаззоб, бадард, бо сӯзу гудоз” арзёбӣ намуда, илова кардааст, ки қиссаи мазкур на танҳо фоҷиаи Пӯлод Толис, балки фоҷиаи тамоми ҷомеа ва замони ӯро нишон медиҳад.

Ба қавли Салимӣ, “асрори сарнавишти шодравон Толис, решаву ангезаҳои фоҷиаи ин нависандаи хориқулода, пайваста бо розҳои шахсияти инсонии ӯ, ки ҳар эҷодкори асилро дар ҷаҳони бекаронаи армонҳояш маҳкум ба танҳоӣ мекунад, бо талху шириниҳои ҳаёти иҷтимоӣ, адабӣ ва хонаводагӣ тавъам омада, дар баробари ин “хатти пешонӣ”-и ин шахсияти нотакрор, ки дар олами адабу ҳунар ҳодисаи нодир набудааст, симои муҳташами як нависандаи соҳибҳунар ва қудратманди роҳкушоро падидор овардааст”.

“Поёни қиссаро бе оби чашм хондан имкон надорад. …Қасидаест дар ситоиши Одам, Одамият ва Одамгарӣ, ки абадиву поянда аст. Чун зари холис аст, ки ҳатто агар об ҳам шавад, бо аҷноси наҷису сафеҳ омезиш намеёбад”, – таъкид кардааст академик Салимӣ.

 

Таърихчаи талхи Толис

Пӯлод Толис 24-уми августи соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, 17-уми сентябри соли 1961 Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ӯ нависандаи мумтози тоҷик буд, ки дар тӯли умри кӯтоҳаш осори гаронбаҳое эҷод кард. Ӯ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд ва ба эҷодиёташ устод Айнӣ баҳои баланд додааст.

Толис пас аз хатми мактаби миёна дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар матбаа, театр ва рӯзномаву маҷаллаҳо фаъолият кардааст. Ӯ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, баъдан дар маҷаллаи “Шарқи Сурх” (имрӯза “Садои шарқ”) ба ҳайси сармуҳаррир кор кардааст ва дар пешрафти насри тоҷик саҳми бориз гузоштааст.

Қаҳрамонони асарҳои ӯ коргарону деҳқонон, зиёиён ва толибилмон мебошанд. Китобҳои машҳури ӯ “Чароғҳо”, “Ҳикояҳо”, “Дар сари роҳи калон” ва қиссаи нахустинаш “Ҷавонӣ” ҳамеша пазироии гарми хонандагонро ба даст овардаанд.

 

Асари машҳури тарҷумаиҳолии ӯ “Тобистон” аз рӯзгори талхи кӯдакони тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳикоят мекунад ва ба чандин забон тарҷума шудааст. Барои хидматҳои шоистааш бо ордени “Нишони фахрӣ” мукофотонида шудааст.

Ба иттилои дастрас, Пӯлод Толис дар 32-солагӣ худкушӣ кард. Дӯстону наздиконаш сабаби ин фоҷиаро ба якчанд ҳодисаи муҳим дар солҳои охири ҳаёташ пайванд медиҳанд.

Як сафари ӯ ба Австрия, ки дар он ҷо ҳайати Шӯравиро бо таҳқиру сангборон пешвоз гирифтанд ва сафари дигар ба дашти Дилварзини Мастчоҳ, ки дар он ҷо шоҳиди ҳаёти сангини сокинон ва марги атфол аз гуруснагӣ шуд, сабабҳои асосӣ дониста мешаванд.

Толис, ба қавли дӯстону пайвандонаш, аз он ранҷ мебурд, ки қудрати интишори ин ҳақиқатро надорад ва ин ҳодисаҳо боиси ранҷиши шадиди равонӣ ва дар натиҷа худкушии ӯ шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Ба муносибати ҷашн шаҳрдории Душанбе барномаи васеи чорабиниҳо омода кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.